ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тоҷикистон ва Британияи Кабир  Ёддошти тафоҳум имзо карданд

Тоҷикистон ва Британияи Кабир  Ёддошти тафоҳум имзо карданд

03 апрел 2023, Душанбе
65
1


Дар Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида муколамаи сиёсӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Подшоҳии Муттаҳидаро вазири давлатӣ дар умури Аврупо ва Амрикои Шимолӣ Лео Дочертӣ роҳбарӣ намуданд.
Тибқи  иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, зарурати таҳкими сарҳадҳо ва дастгирии фаннии лоиҳаву барномаҳои Тоҷикистон дар соҳаи неруи “сабз” ва аҳамияти роҳандозии сафарҳои мақомдорони аршади ду кишвар аз ҷумлаи мавзуъҳое буданд, ки зимни муколама баррасӣ шуданд.
Дар муколамаи сиёсӣ роҳбарони ҳайатҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро имзо намуданд.


Ярмаркаи маҳсулоти ниёзи мардум дар шаҳри Бохтар
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид. Дар он пиёз, картошка, равған, орд, тухм, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозор 15-20 фоиз арзон пешкаши сокинони вилоят гардонда шуд. 
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ– таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз рафти фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, масъулонро вазифадор сохт, ки маводи ғизоиро ба ярмаркаҳо бештар ворид намоянд. Ҳамзамон, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе чунин ярмаркаҳо дар сатҳи баланд баргузор шаванд, то сокинон маҳсулоти заруриро бо нархҳои дастрас бихаранд.


ДАЪВАТИ БАҲОРӢ.  БАДАХШОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ НАҚШАРО ИҶРО КАРД
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ оғоз гашт. Ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии мамлакат рӯзи даъватшванда баргузор гардида, аввалин гурӯҳи наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст. 
Дар нахустин рӯзи даъват ба хизмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун ҳамеша аз иҷрои нақша гузориш дод. Ба ин муносибат бо иштироки раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарият ва масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарбозону наваскарон, волидайн, собиқадорони меҳнат, маросими гусели навдаъватшудагон баргузор шуд. 
Раиси вилоят таъкид кард, ки тайи панҷ соли охир ҷавонписарони далеру шуҷои ватандӯсти Бадахшон ҷиҳати адои қарзи муқаддаси фарзандӣ дар назди Модар-Ватан, бо амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои муҳофизати Ватан омодагии худро нишон медиҳанд.


Грантҳои раиси вилояти Суғд барои занони ҳунарманд ва эҷодкор 
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори раиси вилояти Суғд аз 6 апрели соли 2021, № 167 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилоят ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои солҳои 2021-2025» озмун эълон намуд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, грантҳои раиси вилоят ба сокинони вилояти Суғд – занҳои ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмини онҳо бо ҷойи кор тавассути рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин ҷудо мешаванд: 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 30 грант дар ҳаҷми 5000  сомонӣ.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯ нестанд, баррасӣ ва баргардонда намешаванд. Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 1 апрел то 31 майи соли ҷорӣ.

Санаи нашр: 01.04.2023 №: 67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Nannie Kulikowski
Nannie Kulikowski 24 апрел 2023 13:22
Thanks for reading this email. I am actually a programed A.I. Robot owned by ICsouring.com and I know you may need to find ICs.

The major mission for me is sourcing ICs. As you know more than 99% ICs available in this planet could be found in China, but it is time-costly to locate or send inquiries to thousands of suppliers or agencies one by one to find who got stocks and get quotation!

Simply tell our teammates which parts you are looking for, and the quantity and I will complete the mission!

Welcome to
https://icsouring.com/

Check the price and stock with our AI online:

Whatsapp : 852-61937363
Email: info@icsouring.com

Payment Method:
Paypal / Western Uniuon / TT

See you!

Best Regards,
ICsourcing A.I

To supply every rare ICs

Company Background:

IC Sourcing Ltd is a Hong Kong based company with China offices in different provinces. We supply a wide range of electronic components, specialized in IC including Audio IC, Power Management IC, Consumer Electronic IC, etc. Our aim is to supply any parts which are difficult to be sourced in the electronic market, especially the one discountinued by factories. With the help of latest A.I system and the elite teammates we owned, we are able to source every ICs that is not commonly used by the co-operation with thousands factories and agencies in China. We are able to provide the most competitive price without MOQ.


If you wish to no longer receive emails from us you can <a href="https://bigoffers.org/unsubscribe/">Unsubscribe Here</a>