ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАДР ШУДАНД

«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАДР ШУДАНД

10 октябр 2024, Панҷшанбе
85
0


Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 ба маблағи 50 000 cомониро дар номинатсияҳои оҳангсозӣ-бастакорӣ Фурқат Тоиров, сарояндагӣ Фархунда Ғайбуллоева, навозандагӣ Ҷалолиддин Абдуллоев,  санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дизайн Нармин Мирзоева соҳиб шуданд. 
Гирандагони мақомҳои якум бо 35 ҳазор сомонӣ, дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофот сарфароз гардиданд.
Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, бо 10 ҳазор сомонӣ ва ифтихорнома қадр гаштанд. 
Зимни маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз намуд: «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст. Давоми шаш сол аст, ки Озмун бо амри Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад».
Гуфта шуд, ки имсол дар даври аввал 5302 нафар иштирок намуд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Тавре таъкид гашт, ғолибони Озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (Консерваторияи миллӣ) ба тариқи суҳбат, ройгон ва бе супурдани имтиҳон қабул мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки маблағи умумии мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 3 785 000 (се миллиону ҳафсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ мебошад.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


ШОҲКОРИ ШОҲКОРОНӢ, ДУШАНБЕ! БАРДОШТ АЗ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар Китобхонаи миллӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 100-солагии пойтахти кишвар Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Душанбе – пойтахти тоҷикон ва шаҳри сулҳ” баргузор шуд.
Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдухолиқзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ Солеҳ Завқизода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим иштирок карданд. 
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам сухан гуфта, зикр намуд: “Шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонист, ки дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишиниро ташаккулу густариш бахшад”. 
Тавре муовини раиси шаҳр Дилбар Одилзода иброз дошт, номи Душанбе бори нахуст моҳи декабри соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи Россия Фёдор Алексеевич (1676 – 1682) зикр гардидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, Душанбе то замони шуравӣ деҳаи хурде буд, ки сокинони таҳҷойии он ба кишоварзию чорводорӣ, чармгариву кулолгарӣ, заргариву мисгарӣ ва ресандагӣ машғул буданд. Давраи асосии рушди Душанбе ҳамчун шаҳри муосир маҳз ба замони истиқлоли давлатӣ рост меояд. Душанбе ифодагари симои аслии давлату миллати куҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари минтақа дар ҷаҳон мавқеи устувори худро пайдо намудааст. 
Ҳамоишро Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ бо қироати шеър дар васфи Душанбе – пойтахти маҳбубамон, ҳусни анҷом бахшид: 
Пешвоят пешвоҳои ҷаҳонро пешво, 
Рустами ту рустамҳои ҷаҳонро раҳнамо.
Рӯзи ту Наврӯз бодо, шомҳоят Меҳргон,
Шаҳри ободиву шодӣ, хонаи меҳру сафо. 
Шоҳкори шоҳкоронӣ, Душанбе!

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.10.2024 №: 198
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив