ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ ЭЪЛОН ГАРДИД

ИСТАРАВШАН ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРМАНДӢ ЭЪЛОН ГАРДИД

11 октябр 2024, Ҷумъа
27
0


Истаравшан таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Ин куҳнашаҳр тули мавҷудияташ номашро чандин маротиба дигар карда бошад ҳам, мардумаш ҳамоно косибони асиланд. 
Имрӯз низ дар ин бостоншаҳр сокинон ҳунари бобоиро давом дода, айни ҳол бо бештар аз 134 намуди ҳунари мардумӣ шуғл доранд. Баъзе намуди ҳунарҳо, ки қариб дар тамоми ҷаҳон аз байн рафтаанд, ҳанӯз ҳам дар Истаравшан ҳифз шудаанд. Яке аз чунин ҳунарҳо оҳангарӣ буда, бо корду ханҷар ва шамшерсозӣ номи Истаравшанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кардааст. 
1-уми октябри соли ҷорӣ, дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар”, Истаравшан расман шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ эълон гардид.
Дар маросими тантанавӣ, ки бо иштироки зиёда аз 1000 нафар меҳмон, аз ҷумла наздики 250 нафар меҳмон аз 19 кишвари дунё, дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан доир шуд, раиси Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ Саад ал-Қаддумӣ сертификати “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” дар самти кордсозиро ба роҳбарияти шаҳри Истаравшан тақдим намуд, ҳамчунин Истаравшан ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.
Бояд таъкид кард, ки дар нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 250 ҳунарманд аз 19 давлат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Булғористон, Швейтсария, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Зеландияи Нав, Кувайт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив