ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. РӮЗИ ФАЛАК ТАНТАНА ДОШТ

КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ. РӮЗИ ФАЛАК ТАНТАНА ДОШТ

15 октябр 2024, Сешанбе
8
0


Ба муносибати Рӯзи Фалак  дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов, бо иштироки муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода, директори муассиса Салоҳиддин Раззоқзода ва омӯзгорону донишҷӯён, чорабинии идона баргузор гардид.

Қобили зикри хос аст, ки дар кишвари мо, инак 16 сол мешавад, ки Рӯзи Фалак бо шаҳомати хосса  таҷлил мегардад. Ин санъати мондагори мусиқии халқи тоҷик ба феҳристи Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудааст. 
Қабл аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши васеи китобҳои тозанашру ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни муассисаи таълимӣ ороста шуда буд, дидан намуда, ба маҳсули омоданамудаи донишҷӯён баҳои баланд доданд. 
Манучеҳр Шарифзода ва Салоҳиддин Раззоқзода дар толори муассиса иштирокдоронро ба Рӯзи Фалак табрик гуфта, аз таърихи ин мусиқии воло ва қадимии тоҷик ёдовар шуданд. 
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин санъати мусиқӣ чунин иброз доштаанд: «Фалак аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ аз ҷумлаи беҳтарин мероси мусиқӣ аст, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассуми руҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем». 
Воқеан, фалак мусиқии мардумӣ, фолклор ва эҷодиёти халқ буда, асосан, дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Ба андешаи мусиқишиносон, фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсус дорад, ки  маъмултарини онҳо фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ шинохта шудааст. 
Тавре роҳбари муассиса иброз дошт, омӯзиши жанрҳои мусиқӣ, махсусан фалак дар Коллеҷ, ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони соҳа ба шогирдон роҳу усулҳои омӯзиши ин жанрро омӯзонда, ин мусиқии суннатии мардуми тоҷикро ба донишҷӯён талқин мекунанд. Дар ин замина иштироки донишҷӯёни Коллеҷ дар чорабиниҳои муассисаву ноҳия ва ҷумҳурӣ назаррас буда, ҳамзамон, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъоланд. 
Дар идомаи чорабинӣ як зумра омӯзгорони муассиса бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Сипосномаи Вазорат ва муассиса, инчунин, дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз шуданд.
Дар фарҷом барномаи ҳунарии омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ манзур гардид. 

Дарвеш ҚУРБОНОВ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив