ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ

ХАТЛОН.  БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ

17 октябр 2024, Панҷшанбе
9
0


12-уми октябр  бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» баргузор гардид. 
Дар ҷаласа муовини аввали раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирон ва сардорони шуъбаву раёсатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ширкат доштанд.
Бояд зикр намуд, ки  17-18-уми октябри соли равон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории  «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд” баргузор мегардад. Ҳадафи Форуми мазкур баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигарондашуда, густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон тавассути муаррифии имконият ва маҳсулоти содиротии ҷумҳурӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни суханронӣ иброз дошт, ки Форуми байналмилалии  сармоягузории «Хатлон-Инвест-2024» ва “Бохтар Фуд” бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар ҷараёни он маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, имкониятҳои сайёҳии вилоят муаррифӣ гардида, мулоқоти инфиродии соҳибкорону сармоягузорон ва тасвиби Ёддошти тафоҳум байни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ баргузор хоҳад шуд.
Роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии байналмилалӣ масъулонро вазифадор намуда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив