“МАН” – БЕҲТАРИН ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФИЛМҲОИ ОСИЁ
Филми ҳуҷҷатии коргардони ҷавон Ҳамро Розиқов “Ман”, ки ба муносибати 85-солагии Ҳунарманди мардумии ИҶШС ва Тоҷикистон Ҳошим Гадо таҳия шудааст, дар Фестивали байналмилалии истеъдодҳои Осиё сазовори ҷоиза шуд.
Фестивал дар Ҳиндустон аз рӯйи якчанд номинатсия, мисли “Беҳтарин филми кутоҳ”, “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ”, “Беҳтарин филми аниматсионӣ”, “Беҳтарин филми донишҷӯӣ”, “Беҳтарин филми иҷтимоӣ”, “Беҳтарин филми моҷароӣ”, “Беҳтарин филми драмавӣ”, “Беҳтарин филми кӯдакона”, доир гашт.
Филми Ҳамро Розиқов ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ”-ро сазовор шуд.
Филми «Ман», ки дар он нақши асосиро худи Ҳошим Гадо бозидааст, кори аввалини коргардон Ҳамро Розиқов мебошад. Филм ба ғайр аз фестивали Ҳиндустон, дар якчанд ҷашнвораҳои Аврупо ва Амрико низ ширкат карда, соҳиби диплом ва ҷоизаҳо гаштааст.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
ПАНҶАКЕНТ. АВҶИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТ
Дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасани шаҳр тасмим гирифтанд, ки 40 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳагиву варзишӣ сохта, ба истифода диҳанд.
Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Шавкат Аҳмадов, аллакай, то ин дам 25 иншооти ҷашнӣ бунёд шуд. Аз ҷумла, баъд аз мунтазириҳои зиёд бошандагони деҳаи Сӯфиён соҳиби чоҳи амудӣ шуданд, ки ба беҳтаршавии обёрии зироатҳо мусоидат мекунад.
Соҳибкори маҳаллӣ Шариф Соҳибназаров аз деҳаи Деваштич барои бонувон коргоҳи дӯзандагӣ сохт, ки дар он панҷ нафар соҳиби ҷои кор шуд. Аҳолии деҳаи Саври деҳоти мазкур бо роҳи ҳашар барои 100 хонанда синфхонаҳои иловагӣ бунёд карданд. Инчунин, соҳибкорон Ӯктам Тӯхтаев ва Ғайрат Ботиров ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар деҳот фермаҳои хурди парвариши чорвои калон ва паранда бунёд карданд, ки аз ин ҳисоб қариб 30 нафар соҳиби ҷои кор гардид. Ҳамин ташаббусро соҳибкор Наҷмиддин Муҳаммадиев идома бахшида, дар рустои Сӯфиён ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ фермаи хурди парвариши чорвои калонро роҳандозӣ кард.
Дар деҳаи Наврӯзтеппа аз ҷониби соҳибкор Аскар Саломов то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китобхона, коргоҳи дӯзандагӣ, нонвойхона ва маркази савдо ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Айни ҳол сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бун-ёди чоҳи амудӣ, кашидани хатти оби ошомиданӣ дар дигар рустои деҳот идома доранд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани гармхонаи ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ дар масоҳати қариб 1 гектар дар мавзеи хушманзари Қаволаи деҳоти мазкур аз рӯйдодҳои навини моҳи охир аст. Гармхона аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Муродқул Юсупов бунёд шудааст, ки дар он парвариши сабзавот бо усули гидропоника (танҳо тавассути об) ҷараён мегирад. Бо бунёди гармхона шароит фароҳам омад, ки зиёда аз 10 нафар бо ҷои кор таъмин шавад.
Айни ҳол дар гармхона бодиринг, помидор ва қаланфури булғорӣ хуб нашъунамо доранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.10.2024 №: 204-205