ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2024
14-уми октябр ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2024 баргузор шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки аҳли заҳмати вилоят бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён намуданд, дар доираи барномаю нақшаҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ карда, нуҳмоҳаи соли 2024-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст карданд.
Оид ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ гузориши муовини раиси вилоят Ҷамшед Каримзода шунида шуд. Зикр гашт, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилоят нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ ба 27,9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 банди фоизӣ афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар таркиби нишондиҳандаҳои рушди кишвар 27,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми гардиши савдо ба 12 млрд сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2,1 млрд сомонӣ баробар гашта, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 122 ва 111,8 фоизро ташкил медиҳад. Гардиши савдои хориҷӣ бошад, ба 332,6 млн доллари ИМА баробар гашта, аз он ҳаҷми содирот 154,5 млн доллар (46,5%) ва воридот 178,1 млн доллар (53,5 %) мебошад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 41739 оилаи камбизоат ба маблағи 25,6 млн сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда шуд. Дар арафаи ҷашнҳои миллию сиёсӣ бо ҷалби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар нуҳ моҳи соли 2024 ба маблағи 68,9 млн сомонӣ кумаки моддию молиявӣ расонда шудааст.
Тибқи маълумот, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 28 млрд 39 млн 719,5 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки афзоиш нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 111,5 фоизро ташкил менамояд. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар 191,6 ҳазор гектар ғалладонагиҳо, 132 ҳазор гектар зироатҳои техникӣ, 39765 гектар сабзавот, 13723 гектар картошка, 17218 гектар полизӣ ва 39679 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронда шуда, дурнамои кишти зироатҳо 106,6 фоиз таъмин гардид.
Дар вилоят ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 8,44 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ суръати афзоиш 6 дарсад ва ҳиссаи он дар сатҳи ҷумҳурӣ 22,6 фоизро ташкил додааст. Дар нуҳ моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон дар ҳаҷми 2 млрд 473,3 млн сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,5%-ро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2024, тибқи нақшаи пешакӣ дар вилоят аз тарафи шаҳру ноҳияҳои вилоят 3540 биною иншоот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1135 биною иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.
Давлаталӣ Саид ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини нақшаҳои андоз, истифодаи пурсамару оқилонаи замин, обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба фасли сармои пешорӯ, ташвиқу тарғиб ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодаи неруи барқ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар миёни наврасону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, таълими ғайриқонунии динӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"