ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АШТ.  РОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ РАМЗИ ОБОДИИ ДИЁРАНД

АШТ.  РОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ РАМЗИ ОБОДИИ ДИЁРАНД

21 октябр 2024, Душанбе
14
0


Сокинони деҳаи Пискокати деҳоти Ашт ҳам ба ҳашари умумӣ – мумфаршкунии роҳҳои мошингузари дохили деҳа, оғоз карданд. Бо мақсади сари вақт анҷом додани ин иқдоми наҷиб, аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ зиёда аз се миллион сомонӣ ҷудо шуд.
Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Ашт Шавкат Ёрматов, дар давоми ду соли охир беш аз 15 километр роҳи мошингарди дохили ҳамаи маҳалу деҳоти Ҷамоат тариқи ҳашар бо риояи ҳамаи талаботи роҳсозӣ мумфарш карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ дар оғози моҳи сентябр ба ноҳияи Ашт аз иқдомҳои бунёдкорона ва созандагии сокинони ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба дигар ибтикорҳои наҷиби ватандӯстона ба мардуми Ашт муваффақият таманно карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон бо роҳи ҳашар ҳудуди 150 километр роҳи дорои аҳамияти дохилии ноҳия ба маблағи  қариб 60 миллион сомонӣ мумфарш гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бори аввал аст.
Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт, дар суҳбат иброз дошт, ки  соҳибкорони бонангу  номуси Ашт даъвати Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба ободу хуррам кардани кишвар самимона ҷонибдорӣ карда, солҳои охир дар сохтмони иншооти зиёди истеҳсолӣ, бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, майдоначаҳои варзиш саҳми муассир мегузоранд.  

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 21.10.2024 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив