ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРГОН ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛӢ МУАРРИФӢ ШУД

МЕҲРГОН ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛӢ МУАРРИФӢ ШУД

24 октябр 2024, Панҷшанбе
2
0


20-уми октябри соли 2024 дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» ҷиҳати брендикунонии Иди Меҳргон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» аз кишварҳои аъзои ИДМ, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, корхонаву муассисаҳо ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ба муносибати таҷлили Иди Меҳргон дар Боғи мазкур гӯшаи сайёҳӣ ташкил гардид. Дар гӯша имкониятҳои сайёҳии аграрӣ, табобатӣ, солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ ба таври хосса ба намоиш гузошта шуданд.
Дар якҷоягӣ бо намояндагони шарики лоиҳаи TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» Федератсияи ҷаҳонии тарабхонаҳои варзишӣ WFRS барои ҳайати иштирокдорони Форум ва меҳмонони Ҷашни миллии Меҳргон бузургтарин ширинии қаннодӣ бо нишонаҳои нақшу нигори миллӣ, акси Қалъаи Ҳисор, меваҳои тару тозаи кишвари азизамон ва пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ омода намуда, пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардонданд.
Гӯшаи Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот барои иштироки фаъол ва муаррифии ҷашну идҳои миллӣ бо сипоснома қадрдонӣ шуд. Пас аз Ҷашн меҳмонони Форуми байналмилалии сайёҳии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» аз Кохи Наврӯз ва маҷмааи «Истиқлол» дидан намуданд. 

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.10.2024 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив