Токаев: «Хизматҳои Нурсултон Назарбоевро набояд фаромӯш кард»
CentralAsia (KZ). Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, дар маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳои давлатӣ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ, аз Нурсултон Назарбоев ёдовар шуд. Президент гуфт, ки Президенти нахустини кишвар Нурсултон Назарбоев дар ташаккули давлатдории муосири Қазоқистон нақши ҳалкунандаи таърихӣ бозидааст. Аз ин рӯ, хизматҳои ӯро набояд фаромӯш кард. Ин барои ояндаи мо хеле муҳим аст.
Токаев, инчунин, аз шаҳрвандон даъват кард, ки якҷоя Қазоқистони одилонаеро бунёд кунанд, ки дар он сулҳу оромӣ доимо ҳукмфармо бошад. «Мардум дар ҳама соҳаҳо адолатро интизоранд. Барои ин ҳар кас бояд, пеш аз ҳама, аз худаш оғоз кунад. Он гоҳ ҳам ҷомеа ва ҳам тамоми сохтори давлатӣ одилона мешавад”, – афзуд Президент.
Си Ҷинпин хостори ҷилавгирӣ аз авҷ гирифтани низоъ
дар Украина шуд
Известия. Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, 23-юми октябр дар саммити БРИКС дар Қазон вобаста ба буҳрони Украина чунин иброз дошт: «Муҳим аст, ки аз густариш ва шиддат гирифтани низоъ дар Украина пешгирӣ карда шавад. Дар заминаи идомаёбии буҳрони Украина, Чин, Бразилия ва кишварҳои ҷанубӣ гурӯҳи "Дӯстони сулҳ”-ро таъсис доданд. Мақсад аз он муттаҳид намудани давлатҳои бузург ба тарафдории сулҳ аст».
Си Ҷинпин, инчунин, аҳамияти пешгирии ба ҷанг ҷалб намудани мамлакатҳои дигар, паст кардани шиддати вазъият ва ҳарчи зудтар бартараф намудани онро таъкид намуд.
Санаи баргузории интихоботи президентии Беларус дар соли 2025 муайян шуд
Мир 24. Интихоботи президентӣ дар Беларус 26-уми январи соли 2025 баргузор мешавад. Дар ин бора Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар Telegram-канали худ хабар додааст. Роҳбари Ҷумҳурии Беларус дар бораи он, ки оё нозирони байналмилалиро ба интихоботи президентӣ ба ин кишвар даъват мекунад ё на, пештар гуфта буд.
Ин масъала дар мулоқоти Сарвари давлат бо раҳбарони ниҳодҳои интихоботии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Президент, дар ҷараёни ин маърака ҳатман миссияи ИДМ кор хоҳад кард. Минск дар бораи иштироки намояндагони САҲА ва дигар созмонҳои ғарбӣ андеша хоҳад кард, хулоса намуд Лукашенко ва афзуд, ки тамоми изҳороти онҳо пешакӣ омода шудааст.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Известия. Масъуд Пизишкиён, Президенти Эрон, 23-юми октябр дар нишасти БРИКС пешниҳод кард, ки иттиҳод як шабакаи нави транзитӣ барои тиҷорати сӯзишворӣ ташкил кунад.
INTERFAX.RU. Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Туркия, гуфт, ки зимни ҳамлаи террористӣ дар Анқара чор нафар кушта ва 14 нафар захмӣ шуд.
Эрдоган рӯзи чоршанбе дар мулоқот бо Президенти Россия Владимир Путин ба ӯ барои тасаллияташ дар робита ба ҳамлаи террористӣ изҳори сипос кард.
CentralAsia (CA). Флоренс Бауэр, директори минтақавӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Фонди Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, ки даргириҳо дар Украина боиси коҳиши шадиди мизони таваллуд дар ин кишвар гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2014 шумори сокинони Украина беш аз 10 миллион нафар кам шудааст.