ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалӣ 

Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар Анҷумани байналмилалӣ 

28 октябр 2024, Душанбе
13
0


Ҳайати салоҳиятноки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар Анҷумани байналмилалии вакилони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз 20 то 31-уми октябр дар шаҳрҳои Пекин, Чэнду ва Урумчии Чин доир мегардад, иштирок дорад. 
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки Анҷуман ҳамчун минбари муколамаи байнипарламентӣ дар рушди муносибатҳои мутақобили судманди давлатҳо нақши муассир дошта, дар кори он намояндагони ниҳодҳои қонунгузории давлатҳои ҷазиравии Уқёнуси Ором низ иштирок менамоянд.


Ҷаласаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ 
Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар  Вашингтон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот вазъи кунунии робитаҳои иқтисодӣ ва тадбирҳои андешида оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Шурои ҳамкорӣ муҳокима гардид.


«ТОҶИКИСТОН-2024»
Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе 
Аз 24 то 27-уми октябр дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе «DUSHANBE EXPOCENTRE» 
Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2024» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ аз 10 давлати дунё ба намоиш гузошта шуд. 


Иҷозатномаи фаъолият ба «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» 
Бинобар иваз шудани номи ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» Бонки миллӣ ба ҶСП «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» барои фаъолияти бонкӣ иҷозатнома дод.
Бонки миллӣ иттилоъ медиҳад, ки ин тасмим мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» гирифта шудааст.


Рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз баррасӣ гардид
Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода бо муовини роҳбари Хадамоти федералии андози Россия Юлия Шепелева мулоқот намуд. 
Аз Кумитаи андоз ба мо хабар доданд, ки дар вохӯрӣ доир ба маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, инчунин, масъалаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Россия дар бораи аз ҷониби Россия расондани кумаки беподоши техникӣ ба ҷумҳурии мо бо мақсади рушд ва такмили низоми маъмурикунонии андоз табодули  афкор сурат гирифт.


Ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Дар шаҳри Истаравшан ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласа таҳти унвони «Конститутсия – кафолати рушди босуботи Тоҷикистон» доир гардида, ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.


Баррасии вазъ ва дурнамои равобити байнипарлумонӣ 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси комиссияи доимӣ оид ба амнияти миллии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Геннадий Лепешко мулоқот намуд. 
Аз Сафорат ба мо хабар доданд, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, маориф ва фарҳанг табодули афкор карданд.


Ба системаи электронӣ гузаштани сабти таваллуд ва фавт 
Дар Тоҷикистон сабти таваллуд ва фавт пурра ба системаи электронӣ мегузарад. 
Тавре ба мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ буда, ба беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. 


Ҷаласаи Ассамблеяи генералии Иттиҳоди донишгоҳҳои Авруосиё 
Дар Донишгоҳи Айдини Истанбули Туркия ҷаласаи Ассамблеяи генералии Иттиҳоди донишгоҳҳои Авруосиё баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар он ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ҳамоиш ҷаласаҳои шабакавӣ ва вохӯрӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ доир гардида, ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Санаи нашр: 28.10.2024 №: 212-213
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив