ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ДУШАНБЕ.  ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

31 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


Ифтитоҳи бинои таълимии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
29-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ ба таври муосир сохта шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат менамояд. Иншооти таълимӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, барои таҳсили зиёда аз 1 ҳазору 100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бино дорои ҳашт ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинети лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, маркази қабули имтиҳонҳо барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷой, осорхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори фарҳангӣ бо имконоти васеи баргузорсозии  чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ, гӯшаи табиати Тоҷикистон, осорхона бо фарогирии се давраи таърихӣ, аз ҷумла таърихи қадимаи тоҷикон, даврони қабл аз соҳибистиқлолӣ, замони истиқлол ва таърихи фаъолияти Донишгоҳи мазкур дар ошёнаи якум ҷойгир аст. Синфхонаҳои таълимии барҳаво, ки дорои шароити хуби донишомӯзӣ мебошанд, дар ошёнаҳои болоии бино ҷойгиранд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд, зеро ҳадафи аслии таъсиси ин бинои таълимӣ амалишавии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои давраи то соли 2030 ба шумор меравад.  
Лозим ба таъкид аст, ки раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Дастовардҳои Донишгоҳ дар самти ҳамкории байналмилалӣ назаррас буда, соли равон 89 ихтисоси Донишгоҳ аз акредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи махсус гардид. Ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳоло бо беш аз 120 муассисаи хориҷӣ дар самти илму маориф, аз ҷумла табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.
Ҳоло Донишгоҳ дорои 11 бинои таълимӣ, шаш хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён, 14 факултет, 63 кафедра ва 89 ихтисос мебошад, ки 73-тои он ихтисоси омӯзгорист. Дар Донишгоҳ 18 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои муқарраршуда таҳсил менамоянд. Дар он, ҳамчунин, донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон таҳсили илм мекунанд, ки аз обрӯю нуфузи баланди он дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Теъдоди донишҷӯёни ба тариқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда 1 ҳазору 600 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 936 нафараш духтарон мебошанд.  
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии донишҷӯён, дар риштаи биология ва география аз тарафи раёсати Донишгоҳ соли 2023 дар боғи «Агробиолабораторӣ» бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот, дар Парки технологии назди Донишгоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои маҷлисгоҳҳо, минбарҳо, ҷевон барои китоб, рахти хоб ва нашри шиору овезаҳо ба роҳ монда шуд. 
Ташрифи Роҳбари давлат ба Донишгоҳ ва ба истифода додани боз як бинои муосири таълимӣ барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ мебошад. 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани мутахассисони риштаи омӯзгориву забондониро рисолати касбӣ ва масъулияти аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид сохтанд, ки ояндаи дурахшони ҳар давлату миллат ба рушди бемайлони низоми маорифи он ва дар ин замина, тарбияи кадрҳои хуб алоқамандии зич дорад.

Маркази минтақавии АМИТ
29-уми октябр дар шаҳри Душанбе Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Марказ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ соли 2021 оғоз ёфта, соли равон ба анҷом расид. Иншооти навбунёд чорошёна буда, дар масоҳати 35 садяк бо тарҳи меъмории замонавӣ бунёд ёфтааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология, иммунология, вирусология, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд. Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, мутобиқи стандарти байналмилалӣ таҳқиқот, ташхис ва таҳлил мегузаронанд. Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад.
Бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо, қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад. Бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ ва дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Марказ ёддоштҳои ҳамкорӣ бо Институти физикаи ядроии Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба имзо расонд.
Иншооти замонавӣ, ҳамчунин, хизматрасониҳои озмоишгоҳҳои худро барои кишварҳои минтақа пешбинӣ намуда, дастрасии таҳлилҳои босифат ва таҳқиқотро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба амният таъмин менамояд. Маркази муосир ба ҳайси платформа барои табодули таҷриба, гузарондани конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ дар оянда хидмат намуда, барои ташаккули ҷомеаи илмӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои амнияти ҷисмонӣ ва пешгирии паҳншавии маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ равона шудааст, саҳм мегузорад.
Дар ин ҷода ифтитоҳи Маркази мазкур афзалиятҳои стратегӣ ва дарозмуддати Тоҷикистонро дар таҳкими амният ва рушди илм дар минтақа инъикос намуда, инчунин, садоқати кишварамонро ба уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи паҳн накардани аслиҳа тасдиқ мекунад. Барои дастгирии олимони ҷавон 12 ҷойи хоб муқаррар шудааст, ки шароити мусоиди гузарондани таҳқиқот ва табодули дониш байни олимон аз кишварҳои гуногунро фароҳам меорад. Марказ дорои чор синфхонаи махсус мебошад, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ омӯзиш гирифта, дар соҳаи муқовимат ба таҳдидҳо, ки ба силоҳи қатли ом ва терроризми химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандӣ дорад, дониш ва малакаи худро баланд мебардоранд. Барномаҳои таълимӣ барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисон аз Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин рӯ,  Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ барои омодасозии кадрҳо басо муҳим дониста мешавад.
Баъди шиносоӣ бо шароити иншоот, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Марказ баҳои баланд дода, барои истифодаи самаранок баҳри рушду таҳкими илми тоҷик ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тавсияҳои судманд доданд.
Пас аз маросими тантанавии ифтитоҳи озмоишгоҳҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ лоиҳаи нави сохтмони биноҳои марказҳои илмию таҳқиқотӣ шинос гаштанд. Иттилоъ дода шуд, ки се лоиҳа туфайли ҳамкории Тоҷикистон бо Чин рӯйи кор омад. Лоиҳаҳои мазкур на танҳо бо мақсади анҷом додани корҳои илмӣ- таҳқиқотии муштарак, балки дар мустаҳкам намудани дӯстии мардумони ду кишвари дӯст дар доираи ибтикороти “Як камарбанд – як роҳ” мусоидат менамоянд.
 Лоиҳаи бинои Институти илмӣ-таҳқиқотии автомобилҳои нави барқӣ се ошёна иборат буда, масоҳати бино 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар иншоот синфхонаҳои таълимӣ, маркази тамрини мошинҳои барқӣ, озмоишгоҳи ташхиси техникӣ, омӯзиши қисмҳои иловагии мошинҳои барқӣ, марказҳои таҳқиқот ва коркард ва коргоҳи маъмурият, толори таълимӣ бо 150 ҷой ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст омода мешавад. Бино дорои ҳуҷраҳои омӯзишии замонавӣ ва интеллектуалии бо таҷҳизоти пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад буд. 
Лоиҳаи бинои Маркази экспедитсия ва санҷиши сарватҳои маъданӣ дуошёна буда, масоҳати он 2500 метри мураббаъро дар бар хоҳад гирифт. Дар ин ҷо маркази иттилоотӣ, маҷлисгоҳ бо сӣ ҷой, ҳуҷраҳои корӣ ва озмоишгоҳи таҳлили химиявӣ, таҳлили хосиятҳои маводҳо, ҳуҷраи реагентҳо, нигоҳдории боқимондаҳои моддаҳои хавфнок ва заҳролудкунанда ҷойгир мешавад.
Мақсад аз таъсиси Маркази санҷишӣ ва озмоиши канданиҳои фоиданоки маъдан, таҳлил ва таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва омӯзишу таҳлили таркиби химиявӣ ва физикаи хок мебошад. Лоиҳаи бинои Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ сеошёна буда, масоҳаташ 2000 метри мураббаъ хоҳад буд. Дар ин ҷо марказҳои иттилоотӣ, идоракунӣ, толори намоишӣ, озмоишгоҳҳои барномасозӣ, шабакавӣ, кабинети мултимедиавӣ ва маркази идоракунӣ ва толори лексионӣ ҷойгир мешавад.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони Маркази байналмилалии омӯзишии муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки он бо мақсади пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, бо истифода аз силоҳи қатли ом, маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва истифодабарии дигар усулҳои ҳозиразамон, таъсис меёбад. Бинои Маркази байналмилалӣ даҳошёна буда, бунёди он дар масоҳати 0,4 гектар пешбинӣ мегардад. Лоиҳаи панҷ бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, сохтмони он дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.
Бино аз маҷмуи биноҳои ду ва сеошёна иборат буда, дар масоҳати 0,12 гектар замин бунёд мешавад. Дар он сохтмони озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосири муҷҷаҳаз пешбинӣ мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бино ва муҷаҳҳазгардонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ амалӣ мешавад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои назорати иҷрои босифати корҳо ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” 
29-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Вазорати нақлиёт Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи фаъолияти КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт” шинос шуданд. Марказ тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалисозии рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт таъсис ёфт. Бо амалӣ шудани низоми рақамии назорат, имкон фароҳам мегардад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дурдасттарин минтақаҳо низ ба танзим дароварда шавад. Аз сӣ модули рақамикунонӣ, ки дар Вазорат мавҷуд аст, айни ҳол сездаҳ модул, ба монанди муҷаҳҳазсозии техникаҳои роҳсозӣ бо GPS ва назорати фаъолияти самараноки онҳо, инчунин,  пешгирии ҳаракати нақлиёти гаронвазн тавассути тарозуҳои замонавии динамикӣ ва пайваст ба марказ мавриди амал қарор дорад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кӯтоҳкардаи 8808 дар самти беҳтар кардани кору хизматрасонӣ мусоидат намуда, раванди гирифтани иҷозатнома, рухсатнома, роҳхату борхат, мавҷудияти бор ё талаботро барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор пешниҳод менамояд. Маркази тамос имкон медиҳад, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он фармоишҳо аз рӯи самтҳои боркашонӣ, мусофирбарӣ, гирифтани роҳхату борхат қабул гардида, сари вақт иҷро шавад.
Марказ аз раёсатҳои низоми идоракунии дороиҳои роҳ, барномасозон ва амнияти иттилоотӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ, ки дар ҷаҳон бо номи ITS маъмул аст ва логистикаи рақамӣ иборат буда, ҳар як раёсат вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла барӯйхатгирӣ ва шиносномакунонии пурраи дороиҳои роҳ, барномасозиҳои модулҳои рақамикунонии соҳа ва амалӣ намудани тамоми барномаҳое, ки дар асоси талаботи сӣ модули соҳа тарҳрезӣ шудаанд, имкон фароҳам месозад.
Системаи электронии Марказ бо равзанаи Кумитаи андоз ва Агентии инноватсия пайваст шуда, барои сода гардондани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад. Илова ба ин, тамоми нақлиёти боркаш ва макони мавҷудияти бор ба таври электронӣ дар махзан ҷойгир шуда, тибқи фармоиши мизоҷон ва соҳибкорон хизмат расонда мешавад. Дар ин замина, дар самти ҳамкории байналмилалӣ низ пешравиҳои назаррасе ба миён омадаанд. Айни замон, ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ба роҳ монда шуда, бор аз бандарҳои обӣ бемамоният ва бо нархи арзон дастрас мегардад. Дар маҷмуъ, фаъолияти Марказ имкон медиҳад, ки тамоми хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳисоботи оморӣ, таҳлил ва банақшагирӣ ба таври электронӣ, шаффоф таъмин шаванд ва амалҳои коррупсионию иқтисоди пинҳонӣ ба маротиб коҳиш ёбанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ низ, ки ҳадафи асосии ташкили он омода намудани мутахассисону коршиносони соҳавии сатҳи байналмилалӣ барои иштирок дар гуфтушунидҳо, яъне баланд бардоштани савияи дониши дипломатии онҳо барои муаррифӣ, пешбурд ва ҳифзи манфиатҳои нақлиётии кишвар, инчунин, таҳкими мавқеи нақлиётии ҷумҳурӣ дар минтақа мебошад, шинос шуданд.
Барои пешбурди фаъолият дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётии байналмилалӣ, барои ҷалби сармояи хориҷӣ бо шарикони рушд ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, барои рушди ҳамкории мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, тасмим аст, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва шарик коршиносони варзида ба ҳайси ҳамоҳангсозони барномаҳои минбаъда ҷалб шаванд ва ҳамкории судманд барои коркарди сиёсати ягонаи минтақавии нақлиётӣ роҳандозӣ гардад. Дар Вазорати нақлиёт бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, озмоишгоҳи КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” баъди  навсозӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Озмоишгоҳ аз бахшҳои озмоиши бетон ва регу шағал, асфалт ва қир, маводи кимиёвӣ, озмоиши экологӣ ва корҳои пеш аз лоиҳакашӣ мебошад, ки бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳазанд. Ба ғайр аз ин, озмоишгоҳ дар ихтиёри худ боз ду озмоишгоҳи сайёри бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурии ташхисӣ муҷаҳҳаз, георадарҳои иктишофии замонавӣ дорад, ки имкониятҳои онро дар гузарондани корҳои озмоишӣ ва назоратӣ боз ҳам беҳтар менамояд.
Таҷҳизоти зарурии замонавӣ ва иқтидори зеҳнию малакаи кормандон дар самти лоиҳакашӣ ба озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки оид ба муайян намудани хосиятҳои физикию механикии хок, бетон, маснуоти оҳанубетонӣ, асфалт, қири нафтӣ, хокаи минералӣ, шағал, рег, об ва ҷинсҳои кӯҳӣ санҷишҳо гузаронда, рақаму далел ва маълумоти заруриро ба лоиҳакашҳо пешниҳод намоянд. Дар доираи гузарондани озмоишҳо, бо истифодаи таҷҳизоти маъмулии анъанавӣ ва муосири технологӣ бо услуби мухталиф аз интихоб, ҷудо кардан ва дастрас намудани маводи намунавӣ то пешниҳоди хулоса, зиёда аз 100 намуд амалиёти санҷишӣ гузаронда мешавад. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи Вазорати нақлиёт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техника ва таҷҳизоти соҳавии муосири роҳсозиву назоратӣ дидан намуданд. Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда, омили рушди бонизом мебошад, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.

Корхонаи истеҳсоли сэндвичпанел 
29-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли сэндвичпанелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби ҶСК «Душанбе-Саноат» дар масоҳати 7 ҳазору 172 метри мураббаъ бунёд гардид. Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Чин ворид ва насб шуда, дар он истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир ба роҳ монда шудааст.
Сэндвичпанел масолеҳи сохтмонӣ буда, аз се номгӯйи ашёи хом: тунука, полиуретан ва тасма бо фишордиҳии гарм ё хунук омода мешавад. Маҳсулоти корхона вобаста ба таъинот панелҳои сақф ва панелҳои девор ҷудо шуда, асосан, барои намои берунаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, сардхонаҳо, иншооти таъиноти гуногун, пӯшидани боми биноҳои баландошёна ва яхдон бо мақсади нигоҳ доштани сардӣ ва гармӣ истифода мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 960 метри мураббаъ ва дар як сол 276 ҳазору  480 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар корхона 25 нафар бо кор таъмин гардида, аз ҷониби мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо омӯзиши низоми кории таҷҳизоти муосири васлгардида фаро гирифта шудаанд. То ҳол ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Бо мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли сэндвичпанел дар шаҳри Душанбе арзиши чунин маҳсулот барои аҳолӣ арзон гардида, дастрасӣ ба он низ осон мешавад. Бунёди боз як корхонаи нав дар шаҳри Душанбе ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ки дар доираи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ гардид, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ибратбахш номида шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхонаи навтаъсис ва дигар коргоҳҳои ҶСК “Душанбе-Саноат” шинос шуданд. 
Дар намоиш маҳсулоти коргоҳҳои фулузоти бетонӣ оид ба тахтасангҳои деворӣ, новаҳои бетонӣ, маҳсулоти соҳилмустаҳкамкунӣ, сутунҳои бетонӣ барои хатти интиқоли барқ, коргоҳҳои омезиши бетонӣ оид ба истеҳсоли бетони М-100, 150, 200, 350 ва 400, сутунҳои фулузотӣ барои хатти барқ, панҷара, дарвоза, нишастгоҳҳои гуногун, қуттиҳои партовгирӣ, зинапоя, коргоҳҳои тавлиди оксиген, коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ пешниҳод гардид.
Зимни боздид аз намоишгоҳ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, тавлиди номгӯи нави маҳсулоти босифати саноатӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда низ тадбирҳои бештар амалӣ гардонанд.
ҶСК “Душанбе-Саноат” дар масоҳати 253 ҳазору 400 метри мураббаъ, дар баробари фаъолияти якчанд коргоҳҳои истеҳсолӣ, инчунин гармхона бунёд намуд, ки дар он гулу буттаҳои ороишӣ ва меваҳои ситрусӣ парвариш мешаванд. Истифодаи самараноки заминҳои назди Ҷамъият манбаи асосии сабзгардонӣ ва гулзорнамоии атрофи коргоҳҳо ва таъмини кормандон бо меваҳои ситрусӣ мебошад.

Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан 
29-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат”, ки  аз ҷониби соҳибкор Рустам Раҳимов дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта шуд, оғоз бахшиданд.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан буда, дар он 28 номгӯйи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол баробар ба истеҳсоли 8 миллион зарфи нӯшокиҳои ташнагишикан буда, маҳсулоти он дар шаклу ҳаҷми гуногун пешниҳоди бозори истеъмолӣ  мешавад. Самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва оби ҷав буда, дар он 28 номгӯйи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Ба Роҳбари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологии корхона аз бонуфузтарин ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ, аз ҷумла кишварҳои Канада, Италия ва Чехия, харид шуданд. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 40 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Васли хатҳои нави истеҳсолӣ, ки ояндаи наздик сурат мегирад, ба афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, номгӯйи маҳсулот ва шумораи кормандон мусоидат хоҳад кард. Ашёи хом аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар ворид ва дар анборҳои махсус бо риояи талабот захира мешавад. Маҳсулоти ниҳоӣ қабл аз муомилот дар озмоишгоҳи корхона бо усулҳои махсус ташхис шуда, мутахассисон таркиб ва бехатарии онро тавассути дастгоҳҳои муосир месанҷанд.
Пас аз шиносоӣ бо раванди фаъолият ва иқтидори истеҳсолӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат номиданд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз аввали соли равон то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 иншооти нави саноатӣ бунёд шуд. Дар ин корхонаҳо наздик ба 2000 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гашт. Дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ, имконот ва иқтидорҳои мавҷуда аз ҷониби соҳибкорон васеъ истифода шуда, татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди саноату истеҳсолот вусъат дода мешавад. Ин раванд барои таъмини устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойи кор, баланд бардоштани иқтидори саноатии кишвар ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ 
29-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.  
Муассисаи мазкур кадрҳои афсариро бо маълумоти олии ҳарбӣ омода менамояд. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2020 оғоз гардида, он дар муддати чор сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд ёфт. Муассиса аз ҳафт бино иборат буда, бинои асосии он дорои синфхонаҳои таълимиву ташхисӣ, китобхона, чор маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои дигар мебошад ва бо шароити муосири зарурӣ барои омӯзиши 640 нафар пешбинӣ шудааст. Барои таъмини афсарон бо ҷойи хоб ду бинои хобгоҳ бо 688 кати хоб бунёд гардид. Барои обутоб додан ва иҷрои машқҳои варзишӣ, дар Муассиса толори барҳавои варзишӣ бо имкони ташкили бозиҳои баскетбол, волейбол ва футболи хурд бунёд шуд. Бинои ошхона барои 450 нафар буда, бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дар қисми дигари саҳни Муассиса бинои меҳмонхона барои 132 нафар эъмор гардид. Меҳмонхона бо назардошти имконоту шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, аз 96 ҳуҷра, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст. Дар шафати меҳмонхона бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои мутахассисон қомат афрохт.  Ҳамчунин, барои баргузории мусобиқаҳои дигари варзишӣ майдони футболи ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуд. Ҳамаи биноҳои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ бо системаи замонавии мутамаркази ҳавокашӣ ва гармидиҳӣ муҷаҳҳазанд. Саҳни иншоот пурра чароғон буда, намои он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтҳо зинат ёфтааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва корию фароғатӣ, даъват намуданд, ки мутахассисон ва ашхоси дигари масъул ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани афсарони болаёқат диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи иншооти мазкур бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мулоқот намуда, ба онҳо барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити дар Муассиса муҳайёгардида ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон супоришҳои мушаххас доданд. Зимнан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои кумаки бебозгашти молиявию техникӣ дар бунёди Муассиса арзи сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Конститутсия, ифтитоҳи боз як Муассисаи таҳсилоти олӣ ва Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос ва нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ андеша ронда, таваҷҷуҳи ҳозиронро ба як қатор таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ҷалб карданд ва барои пурзӯр намудани мубориза бо онҳо дар назди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон зарур шумурда шуд, ки масъулони сохторҳои марбута ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, масъалаи пурзӯр гардондани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллии “ Дар бораи танзими ҷашну маросим ” ва “ Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи  кӯдак”-ро таъкид намуданд. Президенти кишвар ҳадафи бунёди Муассисаро такмили низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи замона мутобиқ гардондани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон карданд. Изҳори бовар шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои беҳтарини муҳайёгардида, аз ҷумла синфхонаву толорҳои муҷаҳҳази замонавӣ ва дигар шароити мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, раванди таълими мутахассисон беҳтар гардида, дар он таҷрибаи беҳтарин муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони Муассиса супориш доданд, ки ҳангоми тайёр кардани мутахассисон ва бозомӯзиву такмили ихтисоси онҳо, ба масъалаҳои хусусияти касбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар зеҳну шуури шогирдон маърифату ҷаҳонбинии васеъ, маҳорати мулоҳизаронӣ, таҳлили вазъият ва вобаста ба он малакаи қабули қарорҳои заруриро тарбия намоянд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки таълимгирандагони Муассиса якҷо бо сохтору мақомоти дигар дар ҷодаи адои вазифаҳои хизматии худ, яъне таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву суботи ҷомеа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо, содиқонаву софдилона ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

Санаи нашр: 30.10.2024 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив