ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  КИШОВАРЗОН СОҲИБИ ТЕХНИКАИ НАВ ГАРДИДАНД

ВМКБ.  КИШОВАРЗОН СОҲИБИ ТЕХНИКАИ НАВ ГАРДИДАНД

04 ноябр 2024, Душанбе
23
0
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба кишоварзони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз 9 трактори тамғаи «Беларус-82 А1»  ва дигар мошинолоти кишоварзӣ дастрас гардид. Техникаҳои мазкур, мувофиқи дархост, ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон тақсим карда шуданд, ки ин ба фаъолияти минбаъдаи деҳқонон дар самти пешбурди соҳаи кишоварзӣ таъсири мусбат хоҳад расонд. 
Дар маросими супурдани тракторҳо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, котиби Шурои амнияти Ҷамҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ширкат варзида, барои соҳиб шудан ба чунин техникаи муосири хоҷагидорӣ кишоварзонро табрик  намуданд. 
Раиси вилоят пешравиҳои рӯзафзуни мамлакатро натиҷаи заҳмату талошҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуда, арз дошт, ки аз рӯзҳои нахустини даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат ВМКБ низ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошт. Алишер Мирзонабот бо изҳори хушнудӣ баён намуд, ки вилоят аз қудуми Роҳбари хирадманд ва инсонпарвар сӯи ояндаи нек, дар фазои оромиву осудагӣ гомҳои устувор мегузорад. 
Котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода аз эҳтироми мардуми Бадахшон нисбат ба Пешвои миллат изҳори хушнудӣ карда,  зикр намуд, ки сиёсати некбинонаи роҳбарияти олии мамлакат буд, ки кишвар ободу зебо гардид ва шароити зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳукумати мамлакат, шахсан  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри рушди соҳа пайваста тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кишоварзон бояд саъю талош варзанд, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд. 
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир оид ба таъмини аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулот изҳори андеша намуда, иброз дошт, ки солҳои қаблӣ дар вилоят заминҳои зиёди ҳосилхез аз сабаби камчинии мошинолоти кишоварзӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат масъалаи дастрасии деҳотиён ба техникаву мошинолоти кишоварзӣ комилан беҳбудӣ ёфт. Инак, вақти он расидааст, ки ин заминҳо аз нав мавриди истифода қарор дода шаванд.
Ҳамзамон, вазири кишоварзӣ ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар бораи пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ибрози назар намуданд.
Зимни супурдани калиди тракторҳо раиси вилоят таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии деҳотиён кумаки навбатиро манзур намуданд ва дар ҷавоб ба чунин ғамхорӣ аҳли заҳмати деҳот бояд дар азхудкунии заминҳои нав ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ  саҳми бориз гузоранд. Дар давоми солҳои охир ин бори аввал нест, ки роҳбарияти  олии кишвар ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоят  механизмҳо ва мошинолоти кишоварзиро ройгон дастрас менамоянд. Танҳо соли равон деҳқонони вилоят дар се марҳала 41  мошинолот ва механизми калони кишоварзӣ гирифтанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.11.2024 №: 218
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив