ДДҲБСТ. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ
Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо конфронси илмию назариявӣ таҳти унвони “Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва иқлим” доир шуд.
Ҳамоиши мазкур бо ширкати олимону коршиносони варзида ҷараён гирифта, ректори Донишгоҳ Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, саривақтиву муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳарчи зиёдтар талошу кӯшишҳои худро ба ҳалли мушкилоти об равона созад.
Дар идомаи конфронс роҳбари Маркази “Глятсиолог”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турдӣ Турдиев дар мавзуи “Пиряхҳо ва масъалаҳои ҳифзи он”, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ, Шӯҳрат Саидзода таҳти унвони “Аҳамияти сиёсиву байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар шароити замони муосир” ва муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Наргиса Ҳошимова дар мавзуи “Нақши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷӣ” баромад карданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷонибаи худ муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд. Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки мамлакат дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта шавад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби баъзе субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, он минбаъд имкон фароҳам овард, ки бо роҳбарии Президенти кишвар мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф ёбад. Сарвари давлат аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон, баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гуногунсамтро ба роҳ монданд.
Ҳамзамон, магистранти Донишгоҳ Наргиса Шарифова перомуни ташаббусу иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон маъруза кард.
Боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми кишвар аст, ки дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 баргузор гардид ва дар таърихи рушди дипломатияи тоҷик як саҳифаи наверо боз намуд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.04.2023 №: 70-71