Муфаттишони ВКД бо медали ҷашнӣ қадр шуданд
Дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ниҳоди тафтишотӣ ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, сардори раёсати тафтишотии ВКД Аскар Абдурасулзода ва кормандони бахши тафтишотии ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, А. Аламшозода иброз дошт, ки ниҳоди тафтишотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст. Аз ин лиҳоз, аз ҳар яки шумо талаб карда мешавад, ки дар пеш бурдани парвандаҳои ҷиноятӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва донишу малакаи касбӣ фаъолият намоед.
Дар маҳфил як қатор муфаттишон барои хизматҳои арзанда бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ бо медали ҷашнии «Мақомоти тафтиши пешакии ВКД ҶТ» сарфароз шуданд.
Хатлон. Ноҳияҳои Данғара ва Вахш нақшаи даъватро иҷро карданд
Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани маъракаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 07\017-и Вазорати мудофиа ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ баргузор гашт.
Дар ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Ба маълумоти шуъбаи иттилоотӣ–таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, Давлаталӣ Саид зикр дошт, ки то 6 апрел нақшаи сафарбарсозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сатҳи вилоят 34,6 фоиз иҷро гардида, дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Вахш ва Данғара нақшаи даъватро пурра таъмин карданд.
Эмомалӣ Собирзода гуфт, ки бо талошу ташаббусҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити хизмат барои афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ батадриҷ хуб гашта, қисмҳои низомӣ аз нигоҳи моддиву техникӣ ва лавозимоти ҳарбӣ пурра таъминанд.
Суғд: 1400 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ рафт
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 6 апрел аввалин даъватшавандагон аз вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд. Ба ин муносибат дар Амфитеатри Қасри Арбоб чорабинии бошукӯҳ доир гардид.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст. Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
– Корҳои тарғиботию ташвиқотии баргузоргардида боис шуд, ки 1400 нафар ҷавони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ барои хизмат ҳозир шуд. Аз чеҳраи болида ва рафтори неки ҳар нафари ҳозиршуда аён аст, ки ҷавонон хизмат кардан барои Модар – Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Роҳпаймоии байналмилалӣ баргузор мегардад
Аз 24 апрел то 10 майи соли 2023 дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон Роҳпаймоии VI байналмилалии Шурои байниҳукуматии роҳсозон (ШБР) таҳти унвони “Корвони дӯстӣ” баргузор мешавад, – хабар дод Вазорати нақлиёт.
Роҳпаймоӣ бо ибтикори Шурои байниҳукуматии роҳсозон ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронда мешавад. Автомашинаҳо ҳаракати худро аз шаҳри Душанбе оғоз намуда, пасон масири Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистон – Самарқанд, Навоӣ – Бухоро – сарҳади Ӯзбекистон бо Туркманистон – Туркманобод – Марв – Ашқобод – сарҳади Туркманистон бо Эрон – Машҳад – Тӯс – Нишопур – Гургон – Сори – Теҳрон – Табриз – сарҳади Эрон бо Арманистон – Мегри – Капан – Ереванро тай хоҳанд намуд. Масофаи умумии роҳпаймоӣ қариб 4000 километрро дарбар мегирад.
Ҳадаф аз ташкили роҳпаймоӣ пойга набуда, он бо риояи тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронда мешавад. Мақсади асосӣ – муаррифии долонҳои нақлиётии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда мебошад. Дар ҷараёни роҳпаймоӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон намоиш дода шуда, ширкаткунандагон аз шаҳри бостонии Саразм дидан мекунанд.