ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи  Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ 

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи  Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ 

26 ноябр 2024, Сешанбе
1
0


Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии ИДМ ва Туркманистон иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла фаъолияти Шуро ва мақомоти кории он ва дигар масоили ҷорӣ, мавриди баррасӣ гирифт.


Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо сенатори ИМА 
23-юми ноябр Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода бо узви Кумитаи Сенат доир ба масоили захираҳои энергетикӣ ва табиӣ Стив Дейнс мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Маҷлиси намояндагон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти назаррас дорад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои давлатҳои дигар густариш медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.


Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе
24-уми ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт доир гардид. 
Хадамоти матбуотии МИМҲД-и шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, масъулон ва кормандони вазорату идораҳо иштирок намуданд.


Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 
23-юми ноябр дар шаҳри Бӯстон мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ – Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гашт.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳо роҷеъ ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонда баррасӣ шуданд. 


Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ 
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо вохӯрд.
Тавре дар хабари интишорнамудаи Вазорат омадааст, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба татбиқи пурсамари лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ табодули афкор намуданд.


Вохӯрӣ бо афсарону курсантони тоҷик 
Дар шаҳри Москва вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо афсарону курсантоне, ки дар муассисаҳои таълимии Россия таҳсил мекунанд, баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ оид ба дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ доир ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, омӯхтани илму дониш, муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ сухан рафт. 


Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика 
22-юми ноябр вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала вохӯрд.
Аз Вазорат ба мо иттилоъ доданд, ки дар мулоқот оид ба ҳамкории мутақобилан судманди  Тоҷикистон  ва Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика  ва захираҳои об мубодилаи афкор доир гардид. Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҳамкории Тоҷикистон дар бахши энергетика бо Иттиҳоди Аврупо ба манфиати ҳар ду ҷониб тавсеа хоҳад ёфт.

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив