ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРӢ ҚАДР ШУДАНД

ДУШАНБЕ. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРӢ ҚАДР ШУДАНД

26 ноябр 2024, Сешанбе
3
0


Дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд. Дар робита ба ин ташаббуси созандаи Пешвои миллат, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як қатор чорабинӣ ва озмунҳо ташкил ва роҳандозӣ шуданд. 
Дар ҳамин радиф, озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” дар се гурӯҳ: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11); муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузашта, 18 нафар ғолибият ба даст оварданд.
Озмуни шаҳрии «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» якҷо бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 15-уми октябр то 15-уми ноябр миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз рӯи се номинатсия: “Расми беҳтарин”, “Беҳтарин иншо” ва “Мақолаи беҳтарин” гузаронда шуд.
Дар он зиёда аз 3000 хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, 95 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт ва 18 нафари онҳо ғолиб дониста шуданд.
Иштирокчиён ин иқдомҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро самараи даврони истиқлол ва нишон аз ваҳдату ягонагӣ ва тинҷиву амонӣ дар кишвар арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон саҳми арзишманд гузошта, ҷиҳати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ нақши мондагор хоҳад гузошт.
Ба ғолибони озмунҳо аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.11.2023 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив