ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОНУ МАЛАЙЗИЯ ГУСТАРИШИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО

ТОҶИКИСТОНУ МАЛАЙЗИЯ ГУСТАРИШИ ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲО

26 ноябр 2024, Сешанбе
18
0


Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, фароҳам овардани заминаи устувор барои рушди равобити дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, инчунин, баррасии масъалаҳои рушди низоми бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо шумули раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода  дар доираи як барномаи корӣ аз 17 то 26-уми ноябри соли ҷорӣ ба кишварҳои Малайзия, Сингапур, Индонезия ва Тайланд сафари корӣ анҷом медиҳанд. 
17-уми ноябр  ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо валиаҳди салтанати Негери Сембилан ҷаноби Тунку Али Резауддин мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва густариши дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар бахшҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин, дигар мавзуъҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
18-уми ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири Малайзия ҷаноби Юсуф Фадиллаҳ ба ҳузур пазируфт. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои гуногуни масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд. 
Зикр гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, таъсиси платформаҳои муштарак барои содирот ва воридот, ҳамчунин, сармоягузорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, ба монанди энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохторӣ муҳим арзёбӣ мешаванд. 
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода дар рафти мулоқотҳо доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар низоми бонкӣ ва суғуртаи Тоҷикистон, ҳамкории низоми бонкии кишварҳо ва дар ин замина кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ҳарф зада, бо ишора ба нақши муҳими сармоягузориҳои бонкӣ ва фаъолиятҳои молиявии байналмилалӣ зикр намуд, ки ин тадбирҳо метавонанд дар рушди иқтисоди тарафҳо таъсири мусбат дошта бошанд. 
Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистон аз кишвари Малайзия даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд ва аз имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои иқтисодиву сармоягузорӣ шинос шуда, барои густариши ҳамкориҳо дар оянда замина гузоранд. 
Боиси зикр аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати “Public Gold” дар Малайзия, ки бо истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти қиматбаҳо аз тилло ва нуқра машғуланд, вохӯрда, бо тарзи истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулот ошно гардиданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 234
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив