ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОСАТАРОШ.  КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР АВҶ АСТ

КОСАТАРОШ.  КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР АВҶ АСТ

26 ноябр 2024, Сешанбе
16
0


Имрӯзҳо дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегиранд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, дар деҳаи Косатароши деҳоти Косатарош бо азму талоши мардуми меҳнатқарини он чароғонкунии роҳҳо, насб намудани лавҳаи қаҳрамонони  Тоҷикистон, бунёди майдончаи варзиш бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ба итмом расид. 
Тавре зикр мегардад, айни замон дар яке аз мазеъҳои хушманзараи деҳа – Сойи Обдор, сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №123 барои 260 нафар дар як баст ҷараён дорад. Муассисаи мазкур аз 14 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ, хонаи муаллимон ва ду ҳуҷраи маъмурӣ иборат буда, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Бояд гуфт, ки мактаббачагони ин деҳа аз набудани муассисаи таълимӣ танқисӣ мекашиданд ва беш аз 5 километр роҳро пиёда тай карда, барои илмомӯзӣ ба маркази деҳа, МТМУ №75, мерафтанд.  Акнун, бо бунёди он  мушкили онҳо рафъ мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки МТМУ №123  аз ҳисоби фонди рушди деҳа ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бунёд мегардад.
Мардуми деҳа тасмим доранд, ки баъди ба итмом расидани сохтмони мактаб, 15 километр роҳи байни деҳаро асфалтпӯш намоянд.
Дар пайи ин ва дигар тадбирҳо дер нест, ки боз як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба шаҳрак табдил ёбад.  

Муҳаммадамин ОДИНАЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.11.2024 №: 235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив