ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОЛИ 2025 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ЭЪЛОН ШУД

СОЛИ 2025 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ЭЪЛОН ШУД

11 декабр 2024, Чоршанбе
6
0

Аввали моҳи декабр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Қисмати тантана­вии ҳамоиш бо сухани шодбошии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳ ёфт. Бо арзи ифтихор қайд гардид, ки 6 сол боз дар Тоҷикистони азиза­мон бо ташаббуси хирад­мандонаи Пешвои мил­лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маъри­фат” ва “Тоҷикистон – Ва­тани азизи ман” ҷараён доранд, ки инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.

– Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуно­гуни озмунҳо сол то сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави сухан­вару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ ме­гарданд, – зикр намуд раиси вилоят.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тавас­сути баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар тули шаш соли баргузории даврҳои гуногуни Озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфта истодаанд.

Соли равон шумораи иштирокчиёни Озмун дар вилоят ба 1388 нафар расида, нишондодҳо низ аз 7 ҷойи ифтихорӣ дар соли 2019 ба 16 ҷой дар соли равон баробар гардид.

Рафти баргузории озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, кишоварзон, нафақагирон ва намояндагони касбу кори гуногун ба мутолааи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср афзун гаштааст. Пре­зиденти мамлакат зимни ироаи паёмҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолааи ки­тоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».

Вобаста ба ин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025-ум Соли фарҳанги китобхонӣ эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкурро иштирокчиёни ҳамоиш гарм истиқбол ва ҷонибдорӣ на­муданд.

Сипас, ба ҳамаи ҷоизадорон аз номи раиси вилоят сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуданд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив