ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СПЕКА Нақши Форуми байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

СПЕКА Нақши Форуми байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон

11 декабр 2024, Чоршанбе
5
0

Бо ташаббуси Пешвои миллат дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, Форуми байналмилалии иқтисодии СПЕКА – 2024 баргузор гардид. СПЕКА Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон буда, дар ҳамоиши навбатии он мавзуи “Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» мавриди баррасӣқарор гирифт.

Ин чорабинии сатҳи баланд нақши калидии Тоҷикистонро ҳамчун ташаббускори рушди минтақавӣ нишон дода, дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди “сабз” ва ҳамкории минтақавӣ аҳамияти махсус дорад. Форум беш аз 100 намояндаи кишварҳои аъзои Барнома ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалиро ба ҳам овард.

АГАР ИМКОНИЯТҲО ИСТИФОДА ШАВАНД…

СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, ҳадафи он мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад. Дар доираи амалишавии Барнома, ба масъалаҳои савдои устувор, рақамикунонӣ, обу энерге­тика ва нақлиёт диққати махсус дода меша­вад. Айни замон Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шомили барнома­анд.

Саодат Ҷӯрахонзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доир ба нақши СПЕКА дар пешрафти иқтисодии кишвар ан­деша ронда, мегӯяд, ки ҳарчанд соли таъсиси Барнома ба давраи душвор барои Тоҷикистон рост меомад, бо вуҷуди ин, Тоҷикистон аз он пуштибонӣ кард ва дар кори он фаъолона ширкат варзид. Тайи ин солҳо СПЕКА дар таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои узв саҳми бузург гузошта, як қатор омилҳоеро ба вуҷуд овард, ки ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд. Аъзоёни СПЕКА захираҳои хуби табиӣ, энергетикӣ, меҳнатӣ ва имкониятҳои нақлиётию коммуникатсионӣ доранд.

Ҳадаф ва вазифаҳои СПЕКА ба афзалиятҳои иқтисоди миллӣ ва ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва гузариш ба иқтисоди миллӣ, мувофиқат мекунанд.

ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ НАҚЛИЁТӢ

Омиле, ки ҳаҷми тиҷоратро афзоиш медиҳад

Моҳи ноябри соли гузашта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зим­ни суханронӣ дар саммити Барномаи махсу­си СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ дар Боку, нақши Барномаро дар густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзо муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд: “Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби Барномаи СПЕКА аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Вазни хоси ҳамаи кишварҳои иштирокчии Барнома дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон қариб 26 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад. Киш­вари мо ҳамчун раиси гурӯҳи СПЕКА оид ба савдо ба рушди устувори мубодилаи мол байни кишварҳои минтақа саҳми ху­дро мегузорад”.

Ба таъкиди Сарвари дав­лат, барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, тавсе­аи робитаҳои нақлиётӣ мусо­идат хоҳад кард. Пайвастани кишварҳои аъзо ба долонҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ҳамчунин сода ва гуногунсамт кардани хатсайрҳои нақлиётӣ ба манфиати кор аст. Инчунин, Пешвои миллат ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии Осиёи Марказӣ ҳамчун афзалияти дигари Барномаи СПЕКА мароқ зоҳир карданд. Чуноне зикр шуд, са­маранок мавриди истифода қарор додани захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бо иштироки кишварҳои иштирокчии Барнома, метавонад ба рушди бозори уму­мии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар минтақа саҳми назаррас гузорад.

БА ҶОИ ХУЛОСА

Тавре бармеояд, имкониятҳои Барнома барои рушди иқтисоди кишварҳо фарох буда, истифодаи онҳо метавонад ҷаҳише дар тав­сеаи муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои аъзо бошад ва роҳҳои нави тиҷоратро боз на­мояд.

Тавре таҳлилгарон иброз медоранд, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки тамоми воситаҳоро барои тавсеаи тиҷорат бо кишварҳои иштирокчии Барнома истифода барад. Барои ин, бо дарназардошти тағйироти сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, бунёди долонҳои нави нақлиётӣ, содагардонии транзит ва диверсификатсияи масирҳои транзитӣ ва ҳамгироии фаъолияти марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақа лозим аст. Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва қоҳиш додани оқибатҳои он ва рушди бахши энергетика дар СПЕКА-2024 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар маҷмуъ, амалисозии ин тадбирҳо ба афзоиши содироти маҳсулот, умуман тиҷорати мутақобила дар дохили минтақа, мусоидат хоҳад кард. Инчунин, имкон фароҳам меояд, ки ҳамкории бисёрҷониба ба сатҳи нав бароварда шуда, дар ҳалли вазифаҳои муҳим сиёсати ягона татбиқ гардад. 

Меҳрангез ҚОДИРОВА, 

“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив