ТОҶИКИСТОН – ҚАТАР: ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук тавсеа меёбад
6-уми декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар ҳошияи Конфронси закот, андоз ва гумрук-2024, мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода бо сардори Идораи гумруки Давлати Қатар Аҳмад Ал-Ҷамал баргузор гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ миёни роҳбарони олии ду кишвар ва тамоюли рӯ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар изҳори ёдбоварӣ карда, роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи гумрук мубодилаи афкор намуданд.
Хуршед Каримзода аз ҷумла таъкид дошт, ки омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мақомоти гумруки Давлати Қатар дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи кор буда, ҳамкориҳои гумрукӣ пас аз ба имзо расондани шартномаи нави ҳамкорӣ ба сатҳи баландтар хоҳад расид.
Аҳмад Ал-Ҷамал дар навбати худ омодагии хешро ҷиҳати тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи идоракунии гумрук, инчунин, зудтар омода ва ба имзо расондани шартномаи нави ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки ду кишвар баён кард.
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.12.2024 №: 242