ЗИМИСТОН. ОМОДАГИИ ШУЪБАҲОИ МАОРИФ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?
Вазорати маориф ва илм бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2024, №192, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис намуда, ҷараёни омодагиҳои шуъбаҳои маорифи кишварро ба зимистонгузаронӣ зери назорат қарор медиҳад.
Тибқи маълумоти Хуршед Мавлонов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, нақшаи талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, дар маҷмуъ, 56290 тонна ангишт, 54176,1 метри мукааб ҳезум ва 116810 литр сӯзишвории дизелӣ буда, ба ҳолати 9-уми декабри соли равон ин муассисаҳо бо 52731 тонна ангишт, 52756 метри мукааб ҳезум ва 114793 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1285 дегхонаи хурду бузург, 22 700 гармкунаки барқӣ ва 47 813 печи аловӣ барои гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода аст. Инчунин, 22126,6 метри мураббаъ дару тирезаҳои муассисаҳои соҳаи маориф шишабандӣ шудааст.
Воқеан, зимистони ноҳияҳои дурдасти кишвар нисбатан хунуктару сербориш ва тулонӣ буда, аз ин лиҳоз дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, бахусус ноҳияи Нуробод, барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани фасли зимистон сар карда аз аввали моҳи сентябр омодагӣ мегиранд.
– Аз 88 муассисаи таълимии ин ноҳия 14-тоаш ду ва сеошёна буда, солҳои охир бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудаанд. Бояд иброз намуд, ки дар онҳо синфхонаҳои таълимӣ ва дигар зербиноҳои иловагӣ дар фасли зимистон тариқи буғхонаи алоҳида бо ангишт фаъолият менамоянд. Ҳамасола ба хотири бе мушкилӣ сипари намудани давраи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор корҳои зарурӣ ба анҷом расонда мешаванд. Ба ҳолати 10-уми декабри соли ҷорӣ муассисаҳои таълимӣ, дар умум, бо 708 тонна ангишт, 302, 42 метри мукааб ҳезум, 1241 литр сӯзишворӣ, 14 дегхона таъмин гашта, дар ин самт ягон мушкилӣ ба назар намерасад, – иброз дошт Наҷмиддин Мирзоев мудири маорифи ноҳия. Ӯ афзуд, ки аз рӯи нақшаи ситоди ноҳиявӣ барои давраи зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия талаботи сӯзишворӣ вобаста ба шумораи синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ва дигар зербиноҳои амалкунанда пешбинӣ ва маблағгузорӣ карда шудааст. Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илм, нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти озуқаворӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои зертобеъ ирсол гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”