ДУШАНБЕ. ОШКОРШАВИИ ИСТЕҲСОЛ ВА ФУРӮШИ МАШРУБОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни санҷиш дар коргоҳи ҶСК "Заводи машруботбарории Душанбе", воқеъ дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 106, миқдори зиёди машруботи спиртии шубҳанокро ошкор карданд. Маҳсулоти дарёфтшуда, аз ҷумла конякҳои навъи "Золотой павлин", "Белий аист", "Душанбе", "Миндалний", "Кофе на коняке", инчунин арақҳои навъи "Тоҷикистон", "Душанбе", "Идона", "Бедона" ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ дар зарфҳои бе тамғаи аксизӣ ва бе нишони стандартӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Тафтишот муайян кард, ки Азимов Аҳтам Мавлонович, соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти ғайристандартӣ машғул будааст.
Тибқи хулосаи Агентии "Тоҷикстандарт", маҳсулоти мазкур ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 019-2021 (Бехатарии маҳсулоти машрубот) ва 010-2016 (Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ) ҷавобгӯй нестанд. Ҳамчунин, қувватнокии ин машрубот аз меъёрҳои муқарраршуда фарқ мекунад.
Маблағи умумии маҳсулоти ғайристандартӣ 1519 сомониро ташкил дода, 269 адад зарфҳои шишагии 0,2, 0,5 ва 0,7 литриро дар бар мегирад.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз рӯйи маводи ҷамъовардашуда 3-юми январи соли 2025 аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Азимов Аҳтам Мавлонович бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 32 қисми 3, 294 қисми 2, банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таъмин намудани тафтишоти пешакӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.01.2025 №: 9