ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Қӯшунҳои дохилии ВКД 30-сола шуд 

Қӯшунҳои дохилии ВКД 30-сола шуд 

12 апрел 2023, Чоршанбе
30
0

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба қисмҳои ҳарбии 5453 ва 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ташриф оварда, дар чорабиниҳои тантанавӣ иштирок намуд.
Ба иттилои Вазорат, Рамазон Раҳимзода аз корҳои ободонию созандагӣ ва шароити хизматии афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ боздид ба амал оварда, аз хобгоҳи сарбозон, ошхона, ҳаммом, ҳолати мумфаршкунии роҳу пайроҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ шиносоӣ пайдо намуда, дар чорабиниҳои ҷашнӣ иштирок ва сухан ронд.
Дар ҷамъомад бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ як қатор хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомот ва собиқадорон бо медали ҷашнӣ ва раҳматномаю сипосномаҳо қадр шуданд.


Мулоқот бо сафири ИМА дар Тоҷикистон
Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо сафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер вохӯрд. 
Дар мулоқот, ҳамзамон, намояндаи USAID дар Тоҷикистон иштирок дошт. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорат иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки маҳз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду мамлакат дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Дар ин самт дар кишвар як қатор барномаҳо дар самти пешгирии бемориҳои мухталиф фаъолият менамоянд.
Меҳмонон аз анбори махсус, ки дар он ваксинаҳо нигоҳ дошта мешаванд, дидан карданд.


Машварати кории назди раиси вилояти Суғд
Таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ баргузор гардида, корҳои омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, раванди обрасонӣ ба мавсими нав ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ таҳлилу баррасӣ гардиданд, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раист вилоят.
Раҷаббой Аҳмадзода аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, тухмиҳои босифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар ёдовар шуд.
Муовини раиси вилоят Зариф Мирдадо гуфт, ки ба ҳолати 1 март ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 658 миллиону 653 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,2 фоизро ташкил мекунад. Соли ҷорӣ дар майдони 174 ҳазору 735 гектар кишти баҳорӣ сурат мегирад ва ба ҳолати 7 апрел дар майдони 73 ҳазору 796 гектар кишт гузаронда шудааст. Соли равон кишти пунбадона 59 ҳазор гектарро дар бар мегирад.


Бахшида ба Рӯзи илм ҳамоиши тантанавӣ доир мешавад
17 апрел дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба Рӯзи илм маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад. АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки пеш аз чорабинӣ гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон дар назар аст.
Соати  09:00 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимон маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Дар назар аст ба олимоне, ки соли 2023 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳо ба номи олимони барҷаста гардидаанд, барои дастовардҳои назарраси илмӣ диплому ифтихорномаҳо ва унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супурда шавад.
Дар ҳамоиш китоби «Чеҳраҳои академикӣ» низ, муаррифӣ мегардад.


Тақдими 5 озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар доираи лоиҳаи ташхиси сайёри COVID-19 маросими супурдани панҷ озмоишгоҳи сайёри санитарию эпидемиологӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорат хабар дод.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Созишномаи грантӣ аз ҷониби Фонди Авруосиёии субот ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи ташхиси мобилии COVID-19, ки 8 октябри соли 2021 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳа озмоишгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ бо дараҷаи бехатарии биологӣ, инчунин, системаҳои тестӣ барои ташкили корҳо оид ба ташхиси COVID-19 харидорӣ шудаанд.

Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив