ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тавзеҳи ҷанбаҳои муҳими Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ 

Тавзеҳи ҷанбаҳои муҳими Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ 

28 январ 2025, Сешанбе
24
0

25-уми январ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар маҷлиси умумии кормандони соҳаи роҳу нақлиёти ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Дар он вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз дошт: «Бо татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бисёр соҳаҳо пешрафти назаррас ба даст омадааст». 
Муовини аввали Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо итминон зам намуд, ки «ҳоло Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, дар татбиқи стратегияю барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба комёбиҳо ноил мегардад».


«Паёми марҳалаи рушди мамлакат»
Таҳти ҳамин унвон 24-уми январ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар он Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз муаррифӣ гардида, нақши он ҳамчун дастурамали муҳим дар таълими минбаъдаи рушди устувори мамлакат баланд арзёби шуд. 


Тоҷикистон – давлати пешсаф дар истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда 
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии махсус бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии энергияи таҷдидшаванда иштирок намуд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ додааст, ки дар он Ҷонибек Ҳикмат мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки беш аз 98 дарсади барқи мамлакат аз манбаъҳои энергияи обӣ истеҳсол мешавад. 


Таҳкими ҳамкориҳо бо КИ Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ 
Дар Тошкент дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо директори Кумитаи иҷроияи Марказ Уралбек Шаршиев  баррасӣ гардид.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», Уралбек Шаршиев иброз дошт, ки минбаъд якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатҳои аъзои СҲШ ба муқобили ҳама гуна амалҳои номатлуб мубориза бурда, дар таъмини суботу амният дар минтақа саҳм мегузоранд.


Машваратҳои сиёсӣ бахшида ба такмили фаъолияти ИДМ 
Тибқи консепсияи раёсати Тоҷикистон, рӯзҳои 23-24-уми январ дар шаҳри Минск таҳти раисии сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷӣ Аҳмад Саидмуродзода бахшида ба такмили фаъолияти Иттиҳод машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни машваратҳо оид ба  масъалаҳои имкони муносибтар гардондани раванди қабули қарорҳо, таҳкими заминаи институтсионалии ҳамкорӣ, таҷдиди ҳадафу вазифаҳо, инчунин, заминаи меъёрию ҳуқуқии Иттиҳод табодули афкор шуд.


Ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия 
24-уми январ таҳти роҳбарии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор шуд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа роҳбарияти Сафорат, консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар ин кишвар, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон иштирок карданд.


Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд
Бо ибтикори раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода  ба таври онлайн вохӯрӣ бо роҳбарони навтаъини маҳфилҳои ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ташкил шуд. 
Аз Кумита ба мо иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ З. Гулаҳмадзода доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аҳамияти махсуси ахлоқию тарбиявии онро таъкид кард. 

Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив