АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ВА ИҶРОИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАНД
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки назорати давлатӣ ва таъмини талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, давоми соли 2024 Кумита дар ин самт дар доираи санҷишҳои нақшавӣ ва фаврии муштарак бо мақомоти дахлдор 26 ҳазору 81 ҳолати вайронкунии талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зистро ошкор намуда, тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар, чораҳои мушаххас андешид. Қонуншиканиҳо, асосан, дар самтҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, захираҳои об, моҳӣ, олами набототу ҳайвонот, муомилот бо партовҳо ва ҳавои атмосфера ошкор гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатии соҳа ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» тағйиру иловаҳо ворид ва мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин давра, инчунин, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Дар бораи аудити экологӣ» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳамзамон, Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2024, №374 қабул гардид.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АЗИМ ИБРОҲИМ: “ДАР СЕ ЛОИҲАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ОҒОЗ МЕЁБАНД”
Соли равон, тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ бояд дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 35 км роҳи Гулистон – Кӯлоб, 32,5 км роҳи Данғара – Гулистон ва 137 км роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ оғоз гарданд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1,1 миллиард доллари ИМА, аз ин 6 лоиҳа ба маблағи 669,9 миллион доллар дар татбиқ буда, 7 лоиҳаи дигар бо сарфи 468,3 миллион доллар ба анҷом расид ва дар давраи кафолатӣ қарор дорад.
Дар лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгарди Обигарм – Нуробод, қитъаи 1 (30,5 км), Обигарм – Нуробод, қитъаи 2 (46 км), Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар (9,2 км), «Устувории шабакаҳои роҳҳо – таҷдиди роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (60 км) ва Данғара – Лолазор (28,9 км) сохтмон тибқи нақша идома дорад. Инчунин, сохтмони нақби «Истиқлол», марҳалаи 2, лоиҳаҳои «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ–БРАМОМ-4», роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км), таҷдиди роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, марҳалаи 1, Гулистон – Фархор (29,6 км), «Рушди иқтидорнокӣ ҷиҳати идоракунии нигоҳдории пулҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маром идома доранд.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, соли сипаришуда дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 477 садама сабт гардид. Садамаҳо бештар дар роҳҳои хатарнок, аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандаҳо ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд.
Кароматулло АТО
АЗ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ 180450 СОМОНӢ ҶАРИМА СИТОНДА ШУД
Соли рафта аз тарафи мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ зимни ташхисҳои маҳсулоти озуқа дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 49531,5 кг маҳсулоти гӯштӣ, 10549 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1834,5 литр равғани рустанӣ, 36603 дона тухми паранда, 840,9 кг моҳӣ, 493 кг асал, 7326 кг маҳсулоти намакин, 6853 кг меваи хушк, 121760,1 кг меваю сабзавот ва 19435 кг полизӣ бесифат ва барои ҳаёт хавфнок дониста, аз фурӯш гирифта, нобуд карда шуданд.
Ба гуфтаи муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода, мутахассисони нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар терминали «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода 22300 кг помидорро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи фитосанитарӣ, бозпас гардонданд, 120 ҳазор кг картошка дар истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар ошкор гардидани касалии пӯсиши тар нобуд карда шуд. Инчунин, дар гузаргоҳи сарҳадии «Қуштегирмон»-и ноҳияи Спитамен 360 кг ҳасиб, ки ба воситаи бори даст бе иҷозатномаи Кумита ва бе сертификати давлати истеҳсолкунанда ворид гардида буд, бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию санитарӣ, мусодира гардида, тибқи талаботи қонунгузорӣ нобуд гардид.
Дар давраи мавриди назар аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар 7514 намуна 11901 ташхиси гуногун, аз ҷумла барои дарёфти зараррасонҳо, касалиҳо, тухми алафҳои бегона ва ташхиси гелминтологӣ гузаронда шуд. Барои вайрон кардани қоидаҳои карантини рустанӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 258 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 180450 сомонӣ ҷарима бастанд, ки ба буҷети давлатӣ ворид гашт.
Кароматулло АТО
Ҳамкориҳо ҷиҳати рушди соҳаи авиатсионии кишвар тақвият меёбанд
Ҳабибулло Назарзода Темур, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони васоити ахбори омма гуфт, ки соли 2024 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо филиалҳои худ дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба 71459 тайёра хизматрасонии аэронавигатсиониро пешниҳод намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 38,7 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин, бо мақсади мусоидат дар васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо ва ифтитоҳи долонҳои нав КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Бюрои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчи ва Созишномаи ҳамкории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия”-ро ба имзо расонд.
Руҳафзо МУРОДОВА
Талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор риоя нагардид
Соли 2024 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангал корҳои бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор ва плантатсияҳо дар майдони умумии 3239,2 гектар иҷро гардида, корҳои мусоидат ба худбарқароршавии ҷангал ва пурракунии зичии ниҳолҳо гузаронда шуданд.
Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, изҳор намуд, ки дар баробари корҳои бунёду барқарорсозии ҷангалзорҳо дар давоми соли гузашта аз тарафи кормандони ҳифзи ҷангал доир ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуда, ба маблағи 4151,9 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид, ки аз ин 884,9 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Агентӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла бо мақомоти прокуратура, ҷиҳати ситондани ҷуброни товони зарари ба фонди давлатии ҷангал расондашуда ва ҷаримаҳои маъмурӣ корбарӣ ба роҳ монда истодааст.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ТАБАРЗОДА ТЕМУР:
“4683 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи барқ ошкор шуд”
Дар филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Табарзода Темур, сардори филиал, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки нақшаи фонди таъмирӣ дар соли 2024 ба маблағи 6 миллиону 532 ҳазору 600 сомонӣ иҷро гардид, ки 65,3%-и дурнаморо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, таъмири асосӣ ба маблағи 34 миллиону 320 ҳазору 500 сомонӣ (53,9%) ва таъмири ҷорӣ ба маблағи 2 миллиону 212 ҳазору 100 сомонӣ (111,9%) иҷро шудааст.
Номбурда афзуд, ки дар соли гузашта нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 282 миллиону 30 ҳазору 879 сомонӣ,яъне 85,7 дарсади нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 34 миллиону 339 ҳазору 560 сомонӣ зиёд мебошад.
Т. Табарзода зикр кард, ки шумораи санадҳои тартибдода нисбат ба қоидавайронкунӣ дар истифодаи неруи барқ 4683 ададро ташкил медиҳад ва ба маблағи 5 миллиону 578 ҳазору 535 сомонӣ ҳисоб шудааст. Аз ин 1 миллиону 982 ҳазору 190 сомонӣ рӯёнда шуд, ки 35 дарсади маблағи ҳисобшударо дар бар мегирад.
Ба иттилои масъулон, дар соли гузашта 98 адад трансформатори қуввагии 6-10/0,4кВ корношоям гардид, ки маблағи аз таъмири асосӣ баровардани онҳо 863 ҳазору 534 сомониро ташкил мекунад.
Суннати СОДИҚ
ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗИЁДА АЗ 10 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИН БЕҲТАР КАРДА ШУД
Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта ҳолати мелиоративии 10107 гектар замин беҳтар гардид. 2711 гектар замини нав аз худ гашт ва 8 пойгоҳи обкашии минтақаҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон ба маблағи қариб 68 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуд.
Корҳои барқарор ва мустаҳкамсозии соҳил ба дарозии беш аз 33 ҳазор метр бо харҷи 44 миллион сомонӣ анҷом ёфтанд.
Соли равон азхудкунии 3254 гектар замини нав дар назар буда, 1400 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА
ДСРТ
Чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Ғалаба муаррифӣ шуданд
Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон (ДСРТ) масъалаҳои зиёд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, рӯзноманигорон ба имконияти таъсиси факултаи журналистика ва ҷудо кардани кафедраи рӯзноманигории ватанӣ ва байналмилалӣ ба самтҳои алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Инчунин, масъалаи такмили барномаҳои таълимии донишҷӯёни риштаи журналистика бо мақсади мутобиқат ба меъёрҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд. Вазъи мактаби назди Донишгоҳ, масъалаҳои дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён, сифати рисолаҳои докторӣ ва саҳми онҳо дар рушди илм низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ректор, ҳамчунин ҳамкориҳои Донишгоҳро бо донишгоҳҳои Россия таъкид намуда, зикр кард, ки донишҷӯёни риштаи журналистика мунтазам дар чорабиниҳо оид ба расонаҳо, ки дар Россия баргузор мешаванд, ширкат меварзанд.
Аз ҷониби намояндагони расонаҳо фаъолияти Маркази ҳамоҳангсозии Донишгоҳ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ин марказ барои ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар миёни ҷавонон, пешгирии низоъҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо, ҳамчунин мубориза бо идеологияи терроризм ва пешгирии экстремизм таъсис дода шудааст. Дар ҷараёни нишаст нақшаҳои наздиктарин, аз ҷумла як қатор чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ шуданд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)