ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕЛЕВИЗИОНИ «БАДАХШОН» БА ФОРМАТИ HD ГУЗАШТ

ТЕЛЕВИЗИОНИ «БАДАХШОН» БА ФОРМАТИ HD ГУЗАШТ

04 феврал 2025, Сешанбе
12
0


Ташкили намоиши  барномаҳои телевизионӣ дар гузаштаи на чандон дур дар баъзе минтақаҳои  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  хобу хаёле беш набуд. Мутахассисони телевизиони марказии  Иттиҳоди  Шуравӣ таъкид мекарданд, ки дар шароити  Кӯҳистони  Бадахшон ин амал ғайриимкон аст, зеро кӯҳҳои осмонбӯси  Помир  имкон намедиҳанд, то мавҷҳои телевизионӣ дар ин ҷо паҳн гарданд. Аммо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар ҳам имконият пайдо намуданд, ки барномаҳои Телевизиони  Тоҷикистонро  тамошо кунанд. 
То солҳои наздик  барномаҳои Телевизиони  “Бадахшон”-ро фақат дар шаҳри Хоруғ ва чанд деҳаи гирду атрофи  маркази вилоят тамошо карда метавонистанду халос. Соли 2018 зимни сафари навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба вилоят Телевизиони “Бадахшон” ба маҳвора  пайваст шуда, ба пахши рақамӣ гузашт. Ин тадбир имкон фароҳам овард, ки минбаъд  барномаҳои  Телевизиони  “Бадахшон”  на танҳо дар ҳудуди вилояту кишвар, балки дигар мамолики дунё  пахш гарданд. 
Зимни чорабинӣ раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид кард, ки маҳз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ВАО аст, ки дар ин самт ҳамасола қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Ин иқдоми неку созанда тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. 
Дастгоҳу таҷҳизот барои гузариш ба сифати муосир ва стандарти замонавии HD аз ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас шуданд. Гузариш ба шакли HD имкон медиҳад, ки минбаъд хабару гузориш ва барномаҳо аз тариқи Телевизиони «Бадахшон» бо сатҳу сифати баланди садову симо ва мутобиқ ба талаботи замон пешкаши тамошобинон шаванд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи телевизион ва радиои вилоят пешравиҳои назаррас ба вуқуъ пайваста, заминаҳои моддиву техникии идораи телевизион ва радиои вилоят  ба куллӣ  беҳтар гардид. Дар  доираи гузариш ба низоми дақиқияташ баланди HD  бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат иловатан ба идораи телевизион ва радиои ВМКБ ду танзимгоҳи замонавӣ, ду камераи 4 К ва таҷҳизоти муосири банду баст ва равшанидиҳанда тақдим шуданд. 
Раиси вилоят  бо итминон иброз дошт, ки Телевизиони «Бадахшон» дар таҳия ва пахши барномаҳои гуногунжанр, пешниҳоди ахбор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ  ва англисӣ минбаъд роҳу воситаҳои навро истифода намуда, дар тарғиби сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати мамлакат  ба комёбиҳои бештар ноил мегардад.

Раҳмон ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


ВМКБ.  ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН КОҲИШ ЁФТ
Соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба 513 падару модаре, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ зоҳир кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуданд.

Дар ин бора Абдулназар Абдулназарзода, муовини раиси вилоят, дар машварати ҷамъбастии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо изҳори нигаронӣ иттилоъ дод. 
Зикр гардид, ки айни ҳол дар вилоят 27 муассисаи томактабии давлатӣ ва 1 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 2302 кӯдак, 204 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон бо фарогирии 3842 кӯдак фаъолият доранд. Дар вилоят ҳолатҳои дар хонаҳои истиқоматию вагонҳо таҳсил кардани хонандагон ва аз таҳсил берун мондани кӯдакони синни мактабӣ ба қайд гирифта нашудааст. 
Соли 2024 бо иштироки 11 ноболиғ 11 ҷиноят сабт шуда, ин нишондод дар муқоиса ба соли 2023-юм 8 адад кам мебошад. Барои бемасъулиятӣ дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” давоми сол волидон ба маблағи 65040 сомонӣ ҷарима шуданд.
Яке аз мушкилоти асосии Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдак дар вилоят ин кор бо кӯдаконе мебошад, ки падару модарашон дар муҳоҷират буда, зери парастории бобову модаркалон ва дигар хешу табор қарор доранд. Теъдоди чунин нафарон дар ВМКБ бештар аз 1300 нафарро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи бобову модаркалонҳо аз уҳдаи таълиму тарбияи кӯдакони бавасоятгирифтаашон мебароянд. 
Абдулназар Абдулназарзода таъкид намуд, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ташкили рейдҳои якҷоя бештар ба нақша гирифта шавад. 
Доир ба ин масъала, ҳамчунин, муовини сардори раёсати ВКД дар ВМКБ А. Каримзода, муовинони раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон ибрози назар намуданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


ПАНҶАКЕНТ.  ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ БОСТОН
26-уми январ дар мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент Ҷашни Сада бо иштироки доираи васеи кишоварзон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, намоиши дастранҷи деҳқонон, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти ҳунармандон, рақсу суруд, барафрӯхтани оташ, ки рамзи ин иди бостонӣ аст, таҷлил гардид.
Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки эҳёи ҷашну маросим ва суннатҳои мардумии мо, ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва даҳҳои дигар, дар замони истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон далели равшани ба асолату рисолати таърихӣ бозгаштани миллати мо аст. Аксари ин ҷашнҳо, хусусан Наврӯз, Меҳргон ва Сада, таҷассуми хирад, фарҳангу маданият ва симои маънавии мардуми тоҷик мебошанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашнҳои бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангию адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳанд».
Дар ҷашнгоҳи Сада аз кишоварзон даъват шуд, ки корҳои омодагиро ба мавсими кишт вусъат дода, аз ҳоло ба ниҳолшинонӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ободии маҳалли зист машғул шаванд, дар иҷрои нақшаи созандагию бунёдкориҳо ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.
Дар анҷоми Ҷашн ба як гурӯҳ кишоварзони фаъол, ки дар рӯёндани ҳосили фаровон ба дастовардҳо ноил шудаанд, сипоснома ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

Иброҳими  САЙФУЛЛО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив