ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

04 феврал 2025, Сешанбе
23
0

ҲАРЧАНД ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ КОҲИШ ЁФТ...

Соли 2024 талафоти неруи барқ дар шабакаи энергетикӣ ба 4 миллиарду 479,7 миллион кВт/соат ё 20 дарсад (бе назардошти воридот) баробар гардид, ки назар ба соли гузашта 163,2 миллион кВт/соат (1,2 дарсад) кам аст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар бозори дохилӣ 740,7 миллион сомонӣ бештар шуда, 4 миллиарду 883 миллион сомониро ташкил кард. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт:
– Дар давраи ҳисоботӣ 22 миллиарду 427,7 миллион кВт/соат неруи барқ тавлид гашт, ки дар қиёс ба соли пешӣ 567,2 миллион кВт бештар аст. Содироти неруи барқ нисбат ба соли пешӣ 7,8 дарсад кам буда, ба 2  миллиарду 478,3 миллион кВт/соат расид, ки, асосан, ба Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон фурӯхта шуд. Дар ин давра воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон 267 миллион метри мукаабро ташкил дод, ки 47,1 миллион метри мукааб зиёд мебошад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ба кор даровардани иқтидори нави саноатӣ сол ба сол талабот ба неруи барқ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад.
Маблағи қарзи дебитории неруи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пеш то 31-уми декабри соли 2024-ум 4 миллиарду 130,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла қарзи аҳолӣ ба 1 миллиарду 739,4 миллион сомонӣ расидааст. ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» 571,6 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 189,6 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 миллиарду 402,3 миллион сомонӣ қарздоранд.

Кароматулло АТО

МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ сурат мегирад

Мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариши раванди рақамикунонӣ, дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ тариқи электронӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси Кумитаи мазкур, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳод дар соли 2024, ба хабарнигорон иттилоъ дод.  
Ба гуфтаи ӯ, айни замон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тариқи электронӣ дар сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита www.kifs.tj ба расмият дароранд.
Барои дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумита пурра ба кор даровардани низоми электронии коргузорӣ, ҷойгиронии маводи дахлдор ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин, дар Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита барои дар фаъолияти корӣ татбиқ кардани таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва марҳала ба марҳала ҷорӣ намудани низоми электронии қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ портали электронии корхонаҳои мазкур ба истифода дода шуда, мавриди корбарӣ қарор доранд.
Шаҳноз ҚУРБОН

11 миллион сомонӣ ҷарима барои риоя накардани қонун

- Барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми соли 2024 ҷаримаҳои муқарраргардида ба 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомонӣ расид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф иброз намуд, ки тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024-ум 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба  соли 2023-юм   609 ҳолат зиёд мебошад. 
Воқеан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, аз байн бурдани хурофотпарастӣ иқдоми муҳим маҳсуб меёбад, вале санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузарондани ҷашну маъракаҳо ва намоишкориву исрофкорӣ вуҷуд доранд, ки боиси  нигаронӣ ва таассуф мебошанд.  
- Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 114853 маърака ва маросим баргузор гаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 506 маърака кам мебошад. Аммо ҳуқуқвайронкунӣ зиёд ба қайд гирифта шуда, аз рӯи  1409 ҳолат ҷазо таъин гардид, - гуфт Сулаймон Давлатзода.
Гулнисои САЪДОНШО

РУШДИ ДЕҲОТ
Сармоягузорӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ

Кормандони Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо мақсади такмили савияи дониш, малакаи касбӣ ва омӯзиши дастовардҳои мамлакатҳои пешрафта, ба Ҷопон Федератсияи Россия, Чин, Ҷумҳурии Корея сафар намуда, бо корҳои дар самти рушди маҳал иҷрогардида, барномаи миёнамуҳлати рушд ва дигар масъалаҳои ба соҳаи фаъолият дахлдор шинос гардида, таҷрибаи омӯхтаро дар фаъолияти имрӯзаи худ  мавриди истифода қарор дода истодаанд. Ин нуктаро раиси Кумита Шариф Ҷумъазода зимни нишасти хабарӣ тавзеҳ дод.
Инчунин, дар самти муносибатҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ бо деҳаҳои Тоҷикистон дар заминаи нусхаи номаи Маркази Саэмаул Ундонги Ҷумҳурии Корея роҷеъ ба тасмими ҷониби ташкилоти мазкур ҷиҳати амалисозии лоиҳа дар самти рушди деҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2024 – 2028, мавриди корбарӣ қарор дода шуд.
Айни замон, лоиҳаи дастгирии молиявии мазкур дар деҳаҳои Гулрез, Навбаҳор, Ҳаёти Нав ва Файзбахши ноҳияи Шаҳринав бо маблағгузории 440 ҳазор доллари ИМА амалӣ гашта истодааст.
Руҳафзо МУРОДОВА

255 килограмм маводи нашъаовар сӯзонда шуд

- Ба ҳолати 1-уми  январи соли 2025, дар кишвар 4014 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 3 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд.
Тибқи иттилои ӯ, Агентӣ дар соли гузашта беш аз 504 килограмм маводи нашъаовар мусодира намудааст. Ҳарчанд ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар коҳиш ёфта бошад ҳам, мусодираи моддаҳои психотропӣ, ки хатари бештар доранд, 5,9 фоиз боло рафтааст.
Мавриди зикр аст, ки дар бухории махсуси Агентӣ бо иштироки намояндагони ВАО 255 килограмм маводи нашъаовар сӯзонда шуд. 
Шодмон АБДУРАҲИМ

ТОҶИКСТАНДАРТ
1011801 килограмм маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ошкор гашт 
       
Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии Тоҷикстандарт, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда дар натиҷаи  гузарондани санҷишҳо ба миқдори 1011801 килограмм (соли 2023-юм 1 436 643 кг) маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шуд. 
Тибқи хулосаи озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ, аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 50906 кг маҳсулоти гӯштӣ, 157111 кг равғани рустанӣ, 27434 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 16284 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 24159 кг маҳсулоти қаннодӣ, 14802 кг маҳсулоти ширӣ, 352 кг иловагиҳои ғизоӣ, 6478 кг тухми мурғ, 134008 кг намак, 101923 кг маҳсулоти ғалладонагӣ, 140284 кг орд, 16599 кг консерв ва дигар маҳсулот, ки дар бозори дохилӣ ошкор гардиданд, ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд. Мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба фурӯшандагони ин маҳсулот чораҳои зарурӣ андешиданд.
Зикр гардид, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузарондани санҷиш ва назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 7165 ҳолат, ба маблағи умумии 2450800 сомонӣ ҷарима таъин гардид. Маблағҳои мазкур ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуданд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


“ТОҶИКСУҒУРТА” 
Пардохти 3 миллиону 375 ҳазор сомонӣ ба зарардидагон

Шуҳрат Мақсудзода, директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 корхона ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 3 миллиону 375 ҳазору 300 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2023-юм 278 ҳазор сомонӣ ё 9 фоиз бештар мебошад. 
Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии КВД “Тоҷиксуғурта” хизматрасониро аз рӯйи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст.
Натиҷаи молиявии корхона дар соли 2024 бо фоида ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ ҷамъбаст шуд. 
Руҳафзо МУРОДОВА

111 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертиза гузашт
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи корӣ 9 санади меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади мутобиқ намудан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронд, дар натиҷа 113 пешниҳоди илмӣ рӯйи кор омад.  
Ин нуктаро Иззатулло Саидзода, директори Марказ,  зимни нишасти хабарӣ иброз намуд.
Тибқи иттилои ӯ, дар давраи ҳисоботӣ ба Маркази миллии қонунгузорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 111 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаштан, ворид гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ 

Барои пайванди илм бо истеҳсолот 5 филиали тахассусӣ кушода шуд

- Пайванди илм бо истеҳсолот ногузир буда, моро зарур аст, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи кадрҳои донишманд, дар иҷрои корҳои илмии бунёдӣ фаъол, ватандӯстро омода созем ва таваҷҷуҳро ба ҳамкории илм бо истеҳсолот равона намоем, - гуфт Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ. - Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки аз қисми назариявии корҳои илмӣ ба қисми амалӣ гузарем. Дар нақша аст, ки аз ин пас олимону устодон он мавзуъҳоеро барои таҳқиқ пешниҳод намоянд, ки бештар хусусияти илмию амалӣ дошта бошанд. 
Барои пайванди илм бо истеҳсолот соли гузашта 5 филиали кафедраҳои тахассусии Донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуд. Инчунин, ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳ мувофиқи дурнамои корҳои илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 аз рӯи 5 самт, 20 мавзуъ ва 382 зермавзуъ тадқиқоти илмӣ гузаронданд.
- Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсил омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта мебошад. Дар робита ба баланд бардоштани дониши устодон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ табодули таҷриба оғоз гардид, - гуфт Хайрулло Назарзода. 
Лола РИЗОӢ

ДАТ
Озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт

Пеш аз оғози нишасти хабарӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намояндагони ВАО аз озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимии “Гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ”, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии USAID оид ба захираҳои об ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ азнавсозӣ карда шуд, дидан намуданд. 
- Бояд зикр кард, ки озмоишгоҳ  ҳамчун пойгоҳи илмию таълимӣ дар тайёр намудани кадрҳои ихтисосманди илмӣ-педагогии соҳаи об нақши муассир дорад.  Дар озмоишгоҳ  барои рушди корҳои таълимӣ-методӣ, аз ҷумла устувор намудани донишҳои назариявӣ, амалӣ, малакаю маҳоратомӯзӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён имкон доранд, ки такмилдиҳии техника ва технологияи обёрӣ, ҳисоббарориҳои гидравликии каналҳои обёрӣ, омӯзиши тағйирёбии динамикаи ҷараён дар шароити маҷрои кушод ва лӯлаҳои фишорӣ ва масъалаҳои талафи об дар системаҳои обёриро пурра аз худ кунанд, - гуфт  Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳ.
Ҳамчунин, барои омӯзиши соҳа ва иҷрои корҳои амалӣ бо донишҷӯён аз ҷониби Ташкилоти Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон ба Донишгоҳ механизмҳои кишоварзӣ, аз қабили мошини ғаллатозакунӣ, мошини ба таври лазерӣ идорашавандаи заминҳамворкунӣ ва тухмипошак бо технологияи кишти сифрӣ дастрас шуданд.
Лола РИЗОӢ

Санаи нашр: 04.02.2025 №: 27
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив