КИШОВАРЗӢ. НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2024
Соли 2024 кишоварзони вилоят дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расонданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6 дарсад расонда шуд. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, афзоиш дар бахши рустанипарварӣ 27,4 (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуда, иҷрои дурнамо 106,6 фоиз таъмин гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 3179 гектар замин беҳтар гардонда шуда, 790 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда ба гардиши кишоварзӣ ворид шуданд. Дар ин давра суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 103,5 то 171 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли пахта 64,4 ҳазор тонна (28,1%) ва моҳӣ 101,5 тонна (2,6%) нисбат ба соли гузашта кам гардидааст. Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар вилоят дар майдони 1387 гектар гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронда, аз ин ҳисоб 45274 тонна сабзавот истеҳсол шуд.
Ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 287 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 207 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шуд.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1,2 миллион сар чорвои калон, аз ҷумла 627 ҳазор сар модагов, 2,9 миллион сар гӯсфанду буз, 63,4 ҳазор сар асп, 2,6 миллион сар паранда, 67,1 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 56 ҳазор сар заргӯш парвариш ёфта истодаанд.
Дар майдони 19 ҳазор гектар обмонии захиравӣ, 4 ҳазор гектар обшӯйкунии заминҳо ва яхобмонӣ, дар майдони 2 ҳазор гектар боғу токзор навдабурӣ гузаронда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар вилоят соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 331 адад расида, соли 2024 3826 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. Инчунин, соли 2024 дар вилоят парвариши гулмоҳиро бо усули қафасӣ ба роҳ монда, аввалин маротиба 20,4 тонна гулмоҳӣ истеҳсол шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2023-2024 ба миқдори 1793876 бех ниҳолҳои гуногун, аз он 1134217 бех сояафкан, 385069 бех ҳамешасабз, 274590 бех ороишӣ, 6764560 бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 688568 бех лола, 980945 бех садбарг, 5095,5 ҳазор бех дигар гулҳо, 13004 бех қаламчаи чинор ва 444506 бех қаламчаи садбарг шинонда, дар масоҳати 157455 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронда шудааст.
Соли гузашта дар миқёси вилоят беҳтар намудани 3179,2 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш ба нақша гирифта шуда, иҷрои он пурра таъмин гашт.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ВАҲДАТ. ОМОДАГИҲО БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ДОРАД
Дар шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони халқ омодагиҳо идома дорад.
Миралӣ Мусофириён, раиси Комиссияи ҳавзаи якмандатии Ваҳдат №10, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки дар ҳудуди ҳавза 85 участкаи интихоботӣ ташкил шуда, ҳамаи онҳо бо маводи конселярӣ, бланкаҳои барӯйхатгирии интихобкунандагон ва дигар маводҳои зарурӣ таъминанд.
Тибқи нақша, Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Ваҳдат №10 дар ҳайати 9 нафар тасдиқ гаштааст. Аз тарафи комиссияҳои участкавӣ тамоми масъалаҳои вобаста ба интихобот мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, корҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷараён доранд. Тибқи дастурамали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот имконнопазир мебошад, қуттиҳои сайёр омода мегарданд. Ҳамчунин, барои маъюбон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ бо нишонаи аломати маъюбӣ ташкил мегардад.
– Дар ин самт аъзои комиссия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамъияти маъюбон дар ҳамкориянд, – афзуд М. Мусофириён.
Дар ҳавзаи якмандатии Ваҳдат №10 номзадии се нафар: Фарзона Хоҷазода (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон), Мусофир Қосимов (худпешбарӣ) ва Азиза Эшонова (худпешбарӣ) ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шудаанд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
ВМКБ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА МЕШАВАД
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ташкилӣ ва омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар сатҳи хуб ҷараён дорад.
Ин нукта зимни ҷаласаи корӣ бо иштироки муовини раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода, ки дар он масъалаи омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ – 2025 баррасӣ шуд, баён гардид. Муовини раиси вилоят дар оғози ҷаласа зикр кард, ки натиҷаи омӯзиши масъала аз ҷониби намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят шаҳодати он аст, ки кор ҷиҳати тайёрӣ ба интихобот ва дар сатҳи баланд гузарондани он дар ҳавзаву участкаҳои интихоботии вилоят мувофиқи талабот ва реҷаи тасдиқшуда роҳандозӣ гардидааст.
Азорабек Мирзобеков, раиси комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқи ВМКБ, тазаккур дод, ки корҳо дар ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ пайваста таҳти назорати аъзои комиссияи вилоятӣ қарор дошта, то ба ҳол аз рӯйи реҷаи муайяншуда пеш рафта истодаанд. Бо қарорҳои комиссияи вилоятии интихобот дар вилоят 280 участка ва 66 ҳавзаи интихоботӣ ташкил гардид. Тамоми комиссияҳои ҳавзавӣ бо маводи зарурӣ, шиору плакатҳо таъмин гардидаанд.
Айни ҳол, пешбарии номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботии вилоятӣ анҷом пазируфта, бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят идома дорад. Дар назар аст, ки то 10-уми феврал бақайдгири номзадҳо дар ҳавзаҳо анҷом ёфта, даҳ рӯз пеш аз интихобот бюллетенҳои овоздиҳӣ низ дастраси ҳавзаву участкаҳо гарданд.
Дар ҷаласа аъзои комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хоруғ №40 ва дигар фаъолони ботаҷриба доир ба пешрафти кор ва дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
ДЕВАШТИЧ. ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА МОНДАГОР БУД
Ба хотири арҷгузорӣ ба ҷашнҳои миллӣ, дар маркази ноҳияи Деваштич - шаҳраки Ғончӣ, бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса Ҷашни Сада таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, техникаҳои кишоварзӣ, созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, намудҳои гуногуни хӯроку хӯришҳои миллӣ ва дигар маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҷашни Сада, асосан, иди кишоварзӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ мебошад. Кишоварзони ноҳия бахшида ба ҷашн ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, маҳсулоти хешро бо нархҳои назар ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода сокинони ноҳияро бо Ҷашни Сада табрику муборакбод намуд. Ӯ аз таърихи ҷашн, дастовардҳои кишоварзони ноҳия, аҳамияти зиёд намудани майдони заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо барои таъмини амнияти ғизоӣ сухан гуфт. Таъкид шуд, ки Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Мардуми бофарҳанги ноҳия таҳти ғамхориҳои Пешвои миллат пайваста кӯшиш менамоянд, ки расму оинҳои миллии аҷдодии худро, ки дорои моҳияти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографӣ мебошанд, зинда нигоҳ доранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири иштирокчиёни ҷашнро бо барномаи рангин иборат аз савту суруд ва рақсу тарона болида сохтанд.
Маратҷон ҶАББОРОВ
«ДАРАХТ БИНШОН!»
Таҳти ҳамин унвон аз 7-уми январ то 31-уми март дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, ин иқдом барои беҳтар кардани вазъи экологии кишвар ва муҳайё намудани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. Дар ин давра, ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда баргузор мегардад.
Ташкили ин иқдом барои ҷомеа ва муҳити зист манфиати зиёд дорад. Аввалан, ниҳолшинонӣ як воситаи муассир барои пешгирӣ аз равандҳои манфии экологӣ, ба монанди олудашавии ҳаво ва бадкифоии об мебошад. Машғулият ба ҳавасмандкунӣ барои ниҳолшинонӣ метавонад ба таъмини заминҳои сабз ва сохтани муҳити зисти солим мусоидат намояд. Ҳамчунин, иқдоми "Дарахт биншон!" ба рушди маърифати экологӣ низ пайванд дорад. Мардум аз аҳамияти нигоҳдории муҳити зист ва нақши ниҳолҳо дар беҳбудии вазъи экологӣ бештар огоҳ хоҳанд шуд. Дар баробари ин иқдоми мазкур метавонад ба назарияҳои ҷомеа дар бораи пешгирии тағйироти иқлим ва амалҳои устувор барои нигоҳдорӣ аз манбаъҳои табиӣ кумак расонад.
Умедҷон АМОНӢ, журналист
Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28