РЕЙДҲОИ МУШТАРАК. ҲАДАФ - ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНИҲО ДАР САМТИ МУҲИТИ ЗИСТ
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ворид нагардидани нақлиёти ифлос ба шаҳри Душанбе, манъи ҳаракати нақлиёти боркашон дар роҳҳои пойтахт бе доштани пардаи ҳимоявӣ, сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо шуъбаи раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рейди муштарак доир намуданд.
Тавре аз сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр хабар доданд, дар ҷараёни баргузории рейд мушоҳида гардид, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт дар вақти боркашонӣ талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зистро риоя намекунанд, ки хилофи муқаррароти амалкунанда мебошад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар давоми моҳи январ барои ифлосии воситаи нақлиёт 724 ҳолат, аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 500 ҳолат ва 37 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда ба қайд гирифта шуда, 1261 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Вобаста ба иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муҳити зист сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо шуъбаи раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе доир намудани рейд ва аксияҳои экологиро дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар аснои баргузории аксия ва рейдҳои муштарак нозирон ба риояи қонунгузориҳои амалкунанда дар самти муҳити зист, таъмини тозагӣ ва дар доираи талаботи ҷаҳони муосир кору фаъолият намуданро ба ронандагон таъкид намуданд.
Л. ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”