Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Эрон дар бахши инноватсия баррасӣ шуданд
Вобаста ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Файзуллозода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот кард.
Аз Агентӣ ба мо иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо оид ба истифодаи таҷрибаи ҳамдигар дар самтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи технологияҳои иртиботӣ мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мушовири калони
ташкилоти «Global Cities HUB»
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо мушовири калони ташкилоти «Global Cities HUB» Андраш Сзорени вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо «Global Cities HUB» дар соҳаҳои инноватсия, рақамикунонӣ, рушди шаҳрдорӣ ва шарҳи ихтиёрии маҳаллии Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ
Ҳамкориҳо дар соҳаи геология ва захираҳои маъдан
7-уми феврал сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо президенти Муассисаи илмҳои геологӣ ва захираҳои маъдани Корея (KIGAM) доктор Пёнг-Kу Ли мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуъҳои рушди ҳамкории байни ду мамлакатро дар соҳаи геология ва захираҳои маъдан матраҳ карданд.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"