ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 

Нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 

10 феврал 2025, Душанбе
6
0


Таҳти ҳамраисии Намояндагии доимии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Сингапур дар СММ нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 бо иштироки намояндаи махсуси Дабири кулли Созмон  оид ба об Ретно Марсуди баргузор шуд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат омодагии устувори Тоҷикистонро барои мусоидат дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об иброз намуд.

Мулоқоти ҳайати парламенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Россия 
7-уми феврал вохӯрии раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парламентҳои давлатҳои аъзои СААД бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров баргузор гашт, ки дар он ҳайати  парламентии ҷумҳурии мо низ иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки иштирокчиёни мулоқот натиҷаҳои асосии ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи Созмон муҳокима намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарлумониро дар доираи Созмон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муаррифии Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2027 дар ҷаласаи муштараки Гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об муаррифӣ шуд. 
Вазорати энергетика ва захираҳои об иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа самтҳои калидии рушди соҳаи об, сармоягузориҳои нақшавӣ, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нави шарикони байналмилалӣ, ки ба татбиқи самараноки ҳадафҳои стратегии соҳа равона шудаанд, матраҳ гардиданд.

Рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ 
Оид ба иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ҷаласа доир гардид. 
Аз Вазорати маориф ва илм ба мо хабар доданд, ки дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, иҷрои саривақтии Барнома, дастрасӣ ба таҳсили босифат ва боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Саммит оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ 
Дар шаҳри Душанбе Саммити чорум оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гашт. 
Тавре ба мо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавзеҳ доданд, Стратегия самтҳои муҳими ислоҳоти низоми тандурустӣ ва рушди хизматрасонии тиббиро муайян намуда, беҳтарсозии нишондиҳандаҳои асосии соҳаро таъмин менамояд.

Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив