ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ДАСТГИРИИ РУШДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИОНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ

БМТ. ДАСТГИРИИ РУШДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИОНИИ БАХШИ МОЛИЯВӢ

10 феврал 2025, Душанбе
21
0


Чанде  пеш муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов мулоқот намуд.
Гулбаҳор Назирӣ иброз дошт, ки гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи равандҳои инноватсиониву имкониятҳои технологияҳои рақамӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз самтҳои муҳими беҳтар кардани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи фаъолияти бахши хусусӣ ба ҳисоб рафта, Бонки миллӣ ҳамчун танзимгар дар рушди технологияҳои рақамии молиявии кишвар нақши хосро иҷро мекунад ва дар робита ба ин, барои афзоиши дастрасии хизматрасониҳои молиявии инноватсионии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шароити мусоид бояд муҳайё карда шавад.
Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов аз ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, омодагии IFC-ро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъда дар самти пешбурди инноватсия дар бахши молиявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти ғайринақдӣ баён намуд.
Дар мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкӣ ва суғурта, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла бахши рақамикунонии Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ, лоиҳаи “Дастгирии рушди рақамӣ ва инноватсионии бахши молиявӣ”, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, хусусан саводнокии молиявии рақамӣ дар миёни ҷавонон ва шаклу шароити ҳамкорӣ дар доираи татбиқи марҳалаҳои лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”



ИНТИХОБОТ.  ДАР ШАҲРИ ҲИСОР ОМОДАГӢ БА  МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ИДОМА ДОРАД
Ҳайати намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Ҳайати намояндагон аз рафти омодагии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот боздид намуданд. Ҳайат ба чор гурӯҳ тақсим шуда, бо фаъолияти комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавии баргузории интихоботҳо дар дувоздаҳ ҷамоати шаҳраку деҳот шинос шуданд.
Нимаи дуюми рӯз меҳмонон дар кохи фарҳанги шаҳр бо масъулони интихобот: раис, муовин ва котибони участкаву ҳавзаҳои интихоботӣ мулоқот доир карданд. Роҳбарони гурӯҳҳои корие, ки ба ҷамоатҳо сафарбар шуда буданд, аз ҳолати омодагӣ ба интихобот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузориш доданд.
Дар фарҷоми мулоқот муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода бо итминон изҳор дошт, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳои иловагӣ таҳия шуда, бо истифода аз имкониятҳо дар кӯтоҳтарин муддат ислоҳи онҳо амалӣ мегарданд.
Айни ҳол корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муташаккилона идома доранд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


ҲИСОР.  РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ЗЕРИ НАЗОРАТ АСТ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ зарур аст.
Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат татбиқи ин раванд дар шаҳри Ҳисор имрӯзҳо вусъати тоза касб намудааст. Ин аст, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатпеша дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳисор сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 250 кӯдак, инчунин, дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Мирзо Ризо, Навобод ва шаҳраки Шарора се муассисаи таҳсилоти умумӣ ҷараён дорад.  Сохтмончиён тасмим гирифтаанд, ки муассисаҳои мазкурро давоми соли ҷорӣ ва ибтидои соли нави таҳсили 2025-2026 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода бо ҷараёни сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳоти Ҳисор шинос шуда, масъулини сохтмонро ба вусъати корҳои сохтмон ва сифатнок бунёд намудани он ҳидоят намуд.
Раиси шаҳр, ҳамчунин, дар   деҳоти Сомон бо рафти кӯчати ниҳоли помидор дар гармхонаи навтаъсис, ки дар майдони 2 гектар бунёд ёфта истодааст, шинос гардид. Дар идомаи сафар Ҷаббор Носирзода аз рафти сохтмон дар якчанд иншооти ҷашнӣ дидан намуд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив