ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Боздиди Масъуди Пизишкиён  аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон 

Боздиди Масъуди Пизишкиён  аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон 

12 феврал 2025, Чоршанбе
8
0


Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition», ки 11-уми феврал оғоз гардид, аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон боздид ба амал овард. 
АМИТ  «Ховар»  иттилоъ  медиҳад,  ки  дар рафти тамошо Масъуди Пизишкиён эҳтироми хоса доштанашро нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт. 
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода имконоти сайёҳии Тоҷикистонро ба меҳмони олиқадр муаррифӣ карда, ба Президенти Эрон ҳамчун туҳфаи хотиравӣ ҷома ва тоқии тоҷикӣ тақдим намуд. 


ИНТИХОБОТ – 2025
Таъсиси 36 участкаи интихоботӣ дар 28 давлати дунё 
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст: «Барои ташкил ва гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Комиссия 41 ҳавзаи якмандатӣ ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтанд». 
Махфират Хидирзода, ҳамчунин, иброз доштааст, ки бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон Комиссия дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис додааст. Аз инҳо 5 участкаи интихоботӣ дар Федератсияи Россия, 2-то дар Қазоқистон, 2-то дар Туркия, 2-то дар ИМА.  


Муовини Дабири кулли ИДМ дар Тоҷикистон 
Муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов, ки бо мақсади оғози фаъолияти ҳайати нозирони байналмилалӣ дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ба Тоҷикистон омадааст, бо муовини якуми Раиси ҲХДТ  Маликшоҳ Неъматзода вохӯрд.
Аз КИМ ҲХДТ ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки ҳайати нозирони байналмилалӣ барои мушоҳидаи дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати раванди интихобот ба Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Раванди  интихоботро дар Тоҷикистон 10 мушоҳид ба таври дарозмуддат ва 120 нафар ба таври кӯтоҳмуддат назорат хоҳад бурд. 


Масоили ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ баррасӣ шуданд
10-уми феврал дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҳошияи ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) мулоқоти вазирони кишварҳои минтақа баргузор гашт, ки дар он вазири нақлиёт Азим Иброҳим ширкат варзид.
Дар ҳамоиш масъалаҳо вобаста ба таҳкими соҳаи нақлиёти ҷаҳонӣ, ҳамбастагии роҳҳои нақлиётӣ байни минтақаҳою муайян намудани мушкилот мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.


Баррасии таҳкими равобити Тоҷикистону Кувайт 
Масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобити Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби корпуси дипломатӣ баррасӣ шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, 10-уми феврал ин масъалаҳо зимни мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Кувайт доктор Носир ал-Муҳайсин матраҳ гаштанд. 


Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири умури исломии Арабистони Саудӣ 
10-уми феврал дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистони Саудӣ доктор Абдулатиф ибни Абдулазиз оли Шайх баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо барои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои афзалиятнок бо истифода аз имконоту захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.


Ҷаласаи муштараки гурӯҳи «Дӯстони Авросиё»-и СҲИР
Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар дар ҷаласаи муштараки вохӯрии васеи “Дӯстони Авросиё”-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (CҲИР) ва Гурӯҳи кории “Green” иштирок намуд.
Дар чорабинӣ стратегияҳои ҳамгироии ташаббусҳои иқлим ба рақобатпазирии иқтисодии шарикии шарқӣ ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Чорабинии мазкур намояндагони 34 кишвари ҷаҳон ва даҳ созмони байналмилалии молиявӣ ва шариконии рушдро гирди ҳам овард.

Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив