ҶАББОР РАСУЛОВ
ДЕҲОТИ ГУЛХОНА ЧАРОҒОН МЕШАВАД
Дар ноҳия ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сабзкорию созандагӣ дар ҳар кӯчаю маҳалла вусъат гирифтаанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, бо иштироки раиси ноҳия Олимбек Юлдошзода дар деҳаи Тоҷикободи деҳоти Гулхона 2 зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 400 кВт ба истифода дода шуда, бо насби зиёда аз 40 симчӯб се кӯча чароғон шуд.
МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ "ШОҲОН" ИФТИТОҲ ГАРДИД
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Навбунёди деҳоти Гулхона маркази хизматрасонии “Шоҳон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Марказ бо ибтикори соҳибкор Шаҳриёр Комилов бунёд ёфта, аз ду ошёна иборат буда, 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардид.
Раиси ноҳия ин иқдоми соҳибкорро барои дигарон намунаи ибрат хонда, таъкид кард, ки ҳар як фард бояд барои пешрафту шукуфоии кишвари худ саҳм гузорад.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33