ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Президенти Қазоқистон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 

Мулоқоти Президенти Қазоқистон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон 

13 феврал 2025, Панҷшанбе
9
0


12-уми феврал дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин вохӯрд. 
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, С. Муҳриддин дар оғози мулоқот таманниёти неки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Қазоқистон расонд. Пасон, зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд.

ИНТИХОБОТ – 2025
Муҳокимаи рафти омодагиҳо ба интихоботи навбатии вакилон 
12-уми феврал, бо мақсади омодагӣ ба баргузории интихоботи навбатии вакилони халқ, мулоқоти видеоии роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гашт. 
Зимни нишаст масъалаҳои тадорукотии марбут ба омодагӣ ҷиҳати ташкил ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳамияти ин маъракаи сиёсӣ ва дар сатҳи баланд гузарондани он таъкид шуд.

Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон 
11-12-уми феврал ҳайати расмии Тоҷикистон дар Қазоқистон бо сафари корӣ қарор дошт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистон зимни сафар бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу музокира намуд. Дар он вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону  Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Ба имзо расидани созишнома оид ба бекор кардани раводид 
11-уми феврал дар шаҳри Ню-Йорк Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводид ба имзо расид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин санадро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Иттиҳоди Доминика дар Созмон Филберт Аарон ба имзо расонданд. 
Дар асоси Созишномаи баимзорасида, шаҳрвандони ҳар ду кишвар аз талаботи раводид ҳангоми ворид, хориҷ, убур ва муваққатан будубош кардан дар ҳудуди яке аз тарафҳо ба муддати 90 рӯз озод мебошанд.

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд
12-уми феврал дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Эрон баргузор гашт. 
Тавре ба мо дар Кумита тавзеҳ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омӯзиши таҷриба, шиносоӣ бо имконоти сайёҳӣ ва ташкили хатсайрҳои нави сайёҳиро барои зиёд намудани гардишгарон баррасӣ намуданд.

«Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абуалӣ ибни Сино» 
Таҳти ҳамин унвон 11-уми феврал бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ бахшида ба мутафаккири барҷаста, файласуф, олим, табиби оламшумул ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши илмӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик буда, бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишманд гузошта, дар олам аз пурмаҳсултарин олимон эътироф гаштааст.

Татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Хуҷанд 
Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. 
Дар МИМҲД-и шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» тавзеҳ доданд, ки ҷиҳати назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Айни замон 90 дарсади корҳо ба анҷом расидаанд. 
Дар доираи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои мошингард ва ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб мешаванд.

Санаи нашр: 13.02.2025 №: 34-35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив