ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

13 феврал 2025, Панҷшанбе
15
0


ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Таъсиси 247 ҳазор ҷойи кори нав дар як сол

Тавре Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, соли  2024 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  247,1 ҳазор ҷойи кори нав  таъсис ёфт, ки нисбат ба соли пешӣ 16,4 ҳазор ҷой зиёд мебошад. 
Ҳамчунин, зиёда аз 280 ҳазор нафар дар даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба таълими касб аз рӯйи ихтисосҳои дӯзандагӣ, кафшергари барқӣ, барқчӣ, асосҳои компютер, қаннодӣ, челонгари таҷҳизоти сантехникӣ, ошпаз, ороишгари мӯй ва рӯй фаро гирифта шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи ҳунармандон 18654 нафарро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии онҳо соли 2024 ба 101,9 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин гувоҳи он аст, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон  ба истеҳсоли маснуоте, ки аз ниёгон мерос мондаанд, диққати бештар медиҳанд.
Инчунин, зикр гардид, ки дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  14303 бонуи хонашин ва дигар шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гаштанд.

Иброҳими САЙФУЛЛО


ПАЛАТАИ ҲИСОБ
506,7 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор кард

Соли 2024 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 192 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 506,7 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 101,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Ин нуктаро Ҷамшед Каримзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишастӣ матбуотӣ зикр кард.
Ҳамзамон, таъкид гашт, ки ҷиҳати таъмини арзёбии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Зафаробод, Шаҳристон, Восеъ, Ёвон, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Хоруғ, Рӯшон, Ванҷ, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Сангвор, Фирдавсӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронда шуданд, ки дар онҳо қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 67,7 миллион сомонӣ ошкор гардиданд.

Комрон САФАР


ГУМРУК
Нақшаи ҷамъоварии маблағҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд

– Дар соли 2024 Хадамоти гумрук ҷамъоварии маблағи пардохтҳои гумрукиро барзиёд иҷро намуд. Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 7 фоиз афзуд, аз ҷумла воридот 18 фоиз зиёд ва содирот 21 фоиз коҳиш ёфтанд,– гуфт Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Сабаби асосии солҳои охир барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукиро сардори Хадамот дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии соҳа ва такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ зикр кард. 
– Ҷорӣ гардидани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ», имкон дод, ки таъсири омилҳои инсонӣ ба раванди барасмиятдарории гумрукӣ коҳиш дода шавад. Яъне, имрӯз тоҷир – иштирокдори фаъолияти иқтисоди хориҷӣ,  метавонад бе ҳозир шудан ба минтақаи гумрукӣ ё ин ки сохторҳои давлатӣ оид ба воридоти мол ба тариқи электронӣ хабар расонад ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро аз 11 мақоми ваколатдори давлатӣ дастрас намояд, – иброз дошт Х. Каримзода.  

Шаҳноз ҚУРБОН

Санаи нашр: 13.02.2025 №: 34-35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив