САМАРҚАНД АҲЛИ АДАБУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО ГИРДИ ҲАМ ОВАРД
13-14-уми феврал шаҳри бостонии Самарқанд чанд чорабинии фарҳангиро мизбонӣ намуд, ки таҳти унвони “То тавонӣ дӯстонро гум макун” ба вуқуъ пайваст. Дар он аҳли адабу фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид.
Ташаббускори ин иқдоми наҷиб Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов барои роҳандозии он мусоидат намуданд.
Нахуст, Конфронси илмию амалӣ доир гашт. “Тоҷикону ӯзбекон аз қадим барои ҳамдигар дӯсту бародаранд. Ин оини нек тули асрҳо аз насл ба насл гузаштааст, ки дар садри он ду алломаи бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд, – изҳор намуд сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Сарварони ду давлат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати аз сар гирифтан ва таҳкими ин риштаҳои дӯстӣ ҷиддан иқдом намуданд, ки баргузории ҳамоиши мазкур низ натиҷаи он мебошад”.
Дар идомаи ҷашн меҳмонон аз осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дидан карданд. Зимни ташриф ба хазинаи китобхонаи осорхона боз даҳҳо адад китобҳои тозанашри устод ва адибони тоҷик туҳфа карда шуданд.
– Мо аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва адибони тоҷик ҳамеша ибрози сипос менамоем. Онҳо осорхонаи устод Айниро бо аксҳои ҷолиб, китобҳои бадеӣ ва илмии тозанашр хеле ғанӣ гардонданд, – гуфт мудири ин осорхона Амриддин Пӯлодӣ.
Рӯзи дуюм дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд меҳмонони тоҷикистонӣ дар маросими ифтитоҳи ҳуҷраи забон ва адабиёти тоҷик ширкат намуданд. Маросимро ҷонишини ректори Донишгоҳ, профессор Аҳмадҷон Солеев кушод.
– Ин нахустин ҳуҷраи забон ва адабиёти тоҷик дар байни донишгоҳҳои Ӯзбекистон мебошад, ки гурӯҳҳо ва факултаҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Минбаъд аз ин хазинаи маонӣ олимони оянда истифода хоҳанд бурд ва дар рушди забон ва илму маърифати тоҷикӣ дар Ӯзбекистон саҳми муассир хоҳанд гирифт, – иброз дошт ноиби ректори Донишгоҳ А. Солеев.
Маълум шуд, ки чанд ҷевони пур аз китобҳои муҳтавояшон гуногун, аксу суратҳои адибони классикӣ ва муосири тоҷик маҳз бо саҳму талоши Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва бархе мавод аз тарафи идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дастрас шудаанд.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиш таҳти унвони “То тавонӣ дӯстонро гум макун” маҳфили адабии "Ганҷи сухан"-и Хуҷанд нишасти 225-уми худро баргузор кард. Дар он шоирони ду кишвар аз шеърҳои худ намунаҳо қироат карданд. Дар радифи Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Баҳром Раҳматзод, Давлат Сафар, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Абдулло Субҳон ва Паймон, шоирони самарқандӣ Хоҷа, Дилшодаи Фарҳодзод ва Асадулло Исмоилзода табъи аҳли толорро бо қироати ашъори ноби худ болида сохтанд.
Маҳфили созу суруд бо ширкати Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Мардони Мавлон, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Асадулло Атоуллоев ва Тошбой Салимов, овозхони ҷавон Озода Аҳмадова ба ҳамоиши дӯстӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Мирасрор АҲРОРОВ, Самарқанд
Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39