АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ХОВАЛИНГ
Тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ
Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 221 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуд, - гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррух. Дар солҳои 2022-2024 дар маҷмуъ, 126 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ин 57 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Аз 97 иншооти ҷашнии боқимонда, дар давоми соли 2025 сохта ба истифода додани зиёда аз 60 адади он дар назар аст.
5-уми сентябри соли 2024 биноҳои нави беморхонаи марказӣ, кумитаи идораи замин ва шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия, меҳмонхона – истироҳатгоҳи лаёқатмандон ва маркази савдои “Беназир” бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд, зикр гашт дар нишасти матбуотӣ.
Холназар КАСИРОВ
МУЪМИНОБОД
Авлавият ба пешбурди сайёҳии табобатию экологӣ
- Бо мақсади рушд додани соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобативу экологӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия, гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ ва саҳифаҳо дар сомонаи иҷтимоии фейсбук фаъол гардонда шудаанд.
Ин аст, ки соли 2024 аз мавзеи Чилдухтарон ва дигар мавзеъҳои дилорои ноҳия 110 ҳазору 334 сайёҳ дидан кард, ки 2831 нафараш хориҷист, - гуфт раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ, зимни нишасти матбуотӣ. Аз ҷумла, афзуд, ки сайёҳӣ яке аз самтҳои муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллии мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани ин соҳаи муҳими иқтисодсоз аз тарафи Ҳукумати мамлакат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.
Холназар КАСИРОВ
ШАМСИДДИН ШОҲИН
Кишоварзии ноҳия ру ба рушд дорад
Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 618 миллиону 57 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм ба маблағи 54 миллиону 837 ҳазор сомонӣ ва ё ба андозаи 110 фоиз зиёд мебошад.
Афзуд, ки дар соли 2024-ум 25762 тонна ғалладона, 4438 тонна картошка, 3675 тонна сабзавот, 2607 тонна полизӣ, 20014 тонна мева, 1634 тонна ангур ва 21326 тонна хӯроки чорво истеҳсол шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ аз ноҳия 1012 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Холназар КАСИРОВ