ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025
Қоҳир Расулзода дар участкаи интихоботии № 13
2-юми март Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилон ба участкаи интихоботии №13 ташриф оварда, ба хотири ояндаи дурахшони давлату миллат ба тарафдории ҳизб ва номзади арзанда овоз дод.
Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, барои ташкил ва гузарондани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис ёфта буданд.
Овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария
Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар участкаи интихоботӣ воқеъ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария – Намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар шаҳри Женева низ сурат гирифт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода, ки дар шаҳри Женева қарор дошт, қатори дигар шаҳрвандон дар раванди овоздиҳӣ иштирок намуд.
Иштироки тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ дар чорабинии муҳими сиёсӣ
2-юми март дар участкаи интихоботии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ раванди овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо иштироки фаъоли тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис ёфта буд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ иқомат доранд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ участкаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил шуданд.
Дар шаҳри Москва ба номзадҳои арзанда овоз доданд
Субҳи 2-юми март, соати 06:00 бо вақти маҳаллӣ, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ба кори худ оғоз намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Россия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитро фароҳам оварда буд.
Иштироки фаъолонаи овоздиҳандагон дар Беларус
Дар участкаи интихоботии назди Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон бо иштироки фаъоли овоздиҳандагон сурат гирифт.
Дар Сафорат ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Беларус барои баргузории интихобот тамоми шароит фароҳам оварда шуда буд.
Овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ дар шаҳри Вена
2-юми март овоздиҳӣ дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия соати 08:00 (бо вақти маҳаллӣ) барои интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми шароитро фароҳам овард.