ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

07 март 2025, Ҷумъа
13
0


Бо ин ном бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Кумитаи миллии олимпӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Умеда Абдуллозода иброз дошт, ки занону модарони мо ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
– Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд. Мо бо чунин занону бонувони матинирода ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем, – афзуд У. Абдуллозода. 
Дилбар Одилзода зикр кард, ки занон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд ва роҳбарияти кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Таъкид гашт, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба нақши занон дар тарбияи насли наврас, бузургию фарҳангсолорӣ ва мавқеи онҳо дар ҷомеа ибрози андеша кард.
Гуфта шуд, нақши зан дар ҷомеа аз оила маншаъ мегирад. Чунки зан фарзандонро дар руҳияи инсондӯстию некандешӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростиву росткорӣ, зебоипарастиву ҳақиқатнигорӣ тарбия намуда, ҳамчун як инсони комил ба воя мерасонад. 
Дар ин бора КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба мо иттилоъ дод.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 


ЧАШМАИ МЕҲР
4-уми март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Кохи Суруши пойтахт ба хотири бузургдошти зан-модар ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Модар бо ҷалби 680 нафар ҷавондухтарону фаъолзанони касбу кори гуногун таҳти унвони “Модар – чашмаи меҳр” чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ гуфт: “Боиси сарфарозист, ки зери сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат ва Ҳукумати мамлакат аз солҳои нахустини соҳибистиклолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад”.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода занону бонувонро табрик намуда, зикр кард, ки мардон вазифадоранд ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарон расанд. 
Ба хотири болидаруҳии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Басона САТТОРЗОДА “Ҷумҳурият”


ДАСТИ ДУО

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо мақсади гиромидошти Рӯзи Модар таҳти унвони “Дасти дуои модар” барномаи идона доир гардид. 
Нахуст меҳмонон, иштирокчиёни чорабинӣ, омӯзгорону донишҷӯдухтарон, бонувони варзишгари Донишкада, инчунин, ҳайати устодону кормандон бо дастовардҳои Донишкада, аз ҷумла комёбиҳои варзишгарбонувон, ошно шуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада Амир Иброҳимзода ифтитоҳ карда, зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат, хосса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба беҳдошти рӯзгори занону бонувон рӯзафзун буда, бобати баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гашт. “Имрӯз дар тамоми соҳаҳо нақши занону бонувон басо арзишманд аст. Аз ҷумла, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ теъдоди зиёди занон ба сифати омӯзгор дар тарбияи насли ҷавон саҳм мегузоранд”, – афзуд А. Иброҳимзода. 
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Шабнам Раҳимзода занону бонувони Донишкадаро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта, аз ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат нисбат ба занону бонувон ёдовар шуд. 
Зикр гашт, ки имрӯз бисёр бонувони кишварамон бо корномаҳои худ саҳифаи варзиши Тоҷикистонро рангин намуда, дар гӯшаҳои олам Парчами Тоҷикистонро парафшон мекунанд. Қаҳрамониҳои Зебуннисо Рустамоваю Мавзуна Чориева ва даҳҳо варзишгарбонувони кишвар, воқеан ҳам, мояи ифтихору фараҳмандии сокинони кишвар аст.
Сипас, барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши аҳли толор гашта, як қатор занону бонувони Донишкада бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 07.03.2025 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив