ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ МАТБУОТ ТАҶЛИЛ ШУД

РӮЗИ МАТБУОТ ТАҶЛИЛ ШУД

11 март 2025, Сешанбе
14
0


Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзи матбуоти тоҷик  11-уми март  таҷлил гардид. Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, собиқадорон, олимон ва кормандони соҳаи рӯзноманигорӣ иштирок доштанд.

Абдулло Раҳмонзода ва Матлубахон Сатториён нақши матбуотро дар инъикоси ҳаводиси замон, рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ва расондани иттилооти солиму таҳлилшуда муассир арзёбӣ карданд.
Дар чорабинӣ як гурӯҳ собиқадорони журналистика, сармуҳаррирони нашрияҳо ва шахсони дар фарҳангу адаб фаъол бо ифтихорномаҳо, мукофот, нишонҳои Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанг қадр шуданд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳамқаламонро бо Рӯзи матбуот табрик ва ба чанд тан аз собиқадорони ВАО, аз ҷумла Латофат Кенҷаева, собиқадори матбуот, директори ТҶБ "Истиқбол", Урун Калонов, (Ворис) қаламкаши рӯзномаи "Садои мардум", Шодӣ Раҷабзод, мухбири нашрияи "Омӯзгор" Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутиро супурд.
Чорабиниро барномаҳои рангини консертӣ муҳтавои дигар бахшиданд.


Ҳамоиш дар Маҷлиси намояндагон 
Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода дар мақоми олии қонунбарори мамлакат ҳамоиши идона баргузор гардид. 

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба неруи офарандаи зан-модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гузоштанд. 


Ташаббуси Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ 
7-уми март дар  қароргоҳи СММ бо ибтикори Тоҷикистон таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ: эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор – таҷрибаи Тоҷикистон» чорабинии сатҳи баланд оид ба зеҳни сунъӣ (AI) баргузор шуд. 
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки баргузории чунин ҳамоиш бо ибтикори Тоҷикистон рӯйдоди муҳим барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар муҳокимаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад.


Мулоқот бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ (UNHCR) оид ба паноҳандагон 
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ (UNHCR) оид ба паноҳандагон барои Осиёи Марказӣ Думитру Липкану вохӯрд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ҷумҳурии мо ва UNHCR, аз ҷумла раванди мусоидат ба паноҳандагон, мавриди табодули назар қарор гирифт.
Гузориши муфассал аз вохӯрӣ дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.
 

Иштироки сафири Тоҷикистон дар нишасти изтирории Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ 
7-уми март дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нишасти 20-уми изтирории Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар нишасти мазкур сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ иштирок кард. Дар нишаст вазъи Ғаззаи Фаластин баррасӣ шуд.

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив