ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ.  МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ХОНУМ КЕЙКО ФУРУТА

БМТ.  МУЛОҚОТИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА БО ХОНУМ КЕЙКО ФУРУТА

11 март 2025, Сешанбе
8
0


Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута мулоқот намуд. Дар раванди суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии низоми бонкии кишвар, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти низоми бонкӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, иштироки сармояи Ҷопон дар сармояи ойинномавии ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳо ва намояндагиҳои бонкҳои ин кишвар табодули назар намуданд.     

Фирдавс Толибзода хонум Кейко Фурутаро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос намуда, зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун Бонки марказии кишвар ба рушду таҳкими робитаҳо байни низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, аз ҷумла барқарор намудани муносибатҳои муросилотӣ, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ бо бонкҳои Ҷопон, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Бонки марказии Ҷопон манфиатдор мебошад. 
Имрӯз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкдорӣ барои таъсиси бонкҳои хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст ва Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ки дархостҳоро барои кушодани бонкҳо, филиалу намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ баррасӣ намояд. Давлат баробарҳуқуқии сармоягузорони хориҷиву ватаниро кафолат медиҳад, – зикр намуд Фирдавс Толибзода. 
Ҷонибҳо зимни мулоқот, инчунин, вобаста ба ҳамкориҳо тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи грантии JDS (“Барномаи бурсияҳо оид ба рушди иқтидори захираҳои инсонӣ”) суҳбат намуда, зикр карданд, ки лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти инфрасохтор, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва рушди захираҳои инсонӣ саҳми назаррас доранд. 
Изҳори бовар карда шуд, ки талошҳои пайваста ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои таълимӣ ба рушди бахши бонкии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ, ба пешрафти иқтисодиёти он мусоидат менамоянд. 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута дар интиҳои мулоқот аз таваҷҷуҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши низоми бонкии ду кишвар истиқбол намуда, ҳавасмандиашро ҷиҳати тақвияти ҳамкории самаранок изҳор дошт. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив