НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ
Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Форум 19-уми март бо мақсади тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккулу муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, баргузор мегардад.
Боиси зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, бо иқдоми созандаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу манзалати хосса таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ, аз қабили корвони шодиёнаи наврӯзӣ, барномаи рангини театрӣ, Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе», барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии гӯштии миллӣ, доир мешаванд.
Намоиши китобҳо бахшида ба Рӯзи Модар
Чанде қабл дар назди Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи модар намоиш-фурӯши китоб баргузор шуд, ки дар он 350 номгӯй китоб бо теъдоди зиёда аз 12 000 нусха пешниҳоди дӯстдорони каломи бадеъ гардид.
Дар намоиш, аз ҷумла силсилаи китобҳои армуғонии устод Лоиқ Шералӣ «Дасти дуои модар», Давлат Сафар «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам», маҷмуаи дастаҷамъии «Авсофи модар» бо ороиши зебо ва чопи босифат ба маърази тамошо гузошта шуд. Инчунин, китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеӣ бо сифати баланд манзури тамошобинон гардид.
Намоиш-фурӯши китоб имкон дод, ки донишҷӯёну омӯзгорон ва умуман намояндагони касбу кори гуногун мувофиқи завқи худ китоб бихаранд.
Баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд»
Имсол Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки меҳмонони кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар барномаи наврӯзӣ ансамблҳои фолклорӣ-этнографӣ аз ВМКБ, вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор иштирок менамоянд.
Рӯзҳои таҷлили ҷашн дар Қалъаи Хуҷанд намоиши хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ низ ташкил мегардад. Ҳамзамон, дар ин макон Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намоиши ҳунарҳои мардумиро доир менамоянд. Дар он маҳсули дасти ҳунармандону косибони номдори ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”