ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Конфронс бахшида ба қабули нахустин ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об

Конфронс бахшида ба қабули нахустин ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об

12 март 2025, Чоршанбе
16
0


Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ Конфронси байналмилалии “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” доир гардид.
Ҳамоиш ба 25-умин солгарди қабул гаштани нахустин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз тарафи Маҷмааи умумии СММ бахшида шуд. 
Иштирокдорон дар суханрониҳои худ саъю талошҳои Тоҷикистонро таҳти роҳбарию ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масири муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри дарёфти роҳҳалҳои масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ – обу иқлим, саривақтӣ ва пураҳамият арзёбӣ карданд.


Маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» 
11-уми март таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Шурои нозирони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъият баргузор гашт.
Котиботи Шурои нозирони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» хабар додааст, ки дар маҷлис аъзои Шуро, котиботи он, роҳбарияти вазорату идораҳо, раисони комиссияҳои тафтишотӣ ва баҳисобгирӣ, саҳмдорон ва роҳбарияти Ҷамъият иштирок намуданд.


Баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Беларус 
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Павел Утюпин вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро матраҳ карданд. Ҳамзамон, нақшаҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири сармоягузории Индонезия
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Индонезия Ардашер Қодирӣ бо вазири сармоягузорӣ ва саноати коркарди ин мамлакат Роза Перкаса Руслани мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили иқтидори сармоягузории мутақобила, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дуҷониба байни Тоҷикистону Индонезия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ додааст.
 

Имзо шудани Ёддошти тафоҳум ҷиҳати таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир 
10-уми март байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. 
Ба хабарнигори мо дар Кумита тавзеҳ доданд, ки дар доираи ин санад лоиҳаи «Ташаббус барои таҳкими субот дар минтақаҳои наздимарзӣ» амалӣ гардида, сохтмони паноҳгоҳ ва ду майдончаи варзиш ба маблағи 3 миллион евро дар назар аст. Маблағгузори асосии лоиҳа Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


Таъсиси шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни мошинҳои боркаш 
Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Чаноқ» дар яке аз қитъаҳои роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе – Кӯлоб – Кулма» нуқтаи боркашониро бо таҷҳизоти вазнченкунии динамикии муосир таъмин намуд.
Дар хабари интишорнамудаи хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт омадааст, ки нуқтаи боркашонӣ дар километри 190+300-и ин шоҳроҳ, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷойгир буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо таҷҳизоти динамикии муосири истеҳсоли Чин ZCS-30 (SCS/ZCS) муҷаҳҳаз шудааст. 

Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив