ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ЙОРДАН, РАИСИ  БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ, МУЛОҚОТ НАМУД

ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ЙОРДАН, РАИСИ  БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ, МУЛОҚОТ НАМУД

17 апрел 2023, Душанбе
24
0


Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳорӣ 11 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот анҷом дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо Бонки миллии Швейтсария дар соҳаи бонкдорӣ, бавижа расондани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Зикр гардид, ки моҳи октябри соли сипаришуда ҳайати Бонки миллии Швейтсария ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла ба Бонки миллӣ ташриф овард ва дар рафти он як қатор мулоқоту вохӯриҳои судманду самаровар сурат гирифтанд.
Ҳангоми мулоқот Ҳоким Холиқзода диққати Томас Йорданро ба иштироки сармояи хориҷӣ дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии кишвар ва кушодани филиалу намояндагиҳои бонкҳои Швейтсария дар ҳудуди кишвар ҷалб намуд.
Таъкид шуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон рушди нишондиҳандаҳои фаъолияти низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дар семоҳаи якуми соли 2023 дороиҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 25,9 дарсад ва 24,7 дарсад зиёд мебошад. То 31 марти соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 15 бонк ва 49 ташкилоти маблағгузории хурд, амал мекунад.
Дар тули солҳои ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария ёриҳои техникӣ ва машваратҳои методӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда шуданд.
Аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди муҳим дар баробари дигар самтҳо ба идоракунии хавфҳои амалиётӣ низ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, ба стандартҳои муосир ва таҷрибаи бонкҳои марказии пешқадам такя менамояд. Азбаски Бонки миллии Швейтсария дар ин маврид ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, омӯхтани таҷрибаи он барои Бонки миллии Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Дар назар аст, ки зимни ҳамкорӣ ба масъалаҳои таҳияи нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ, истифодаи ченаки арзиш дар хавф (VAR) дар раванди идоракунии хавфи амалиётӣ, идорасозии мунтазамии фаъолият, хавфи тарафҳои сеюм, хавфҳои киберамният, хавфҳои қаллобӣ, гузарондани фишор, санҷиши хавфҳои амалиётӣ, баҳодиҳии раванди идоракунии хавфи амалиётӣ аз ҷониби аудити дохилӣ ва ғайра, таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. 
Ҳоким Холиқзода, ҳамчунин, роҷеъ ба масъалаи ноустувории молиявӣ дар ҷаҳон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки раванди мазкур барои ба роҳ мондани азнавбаҳодиҳии хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтарсозии фаъолияти низоми бонкӣ ва роҳу воситаҳои нави рушди минбаъда имкон фароҳам меорад. Вобаста ба ин, аз нав барқарор кардани равобити мустақими муросилотӣ бо бонкҳои аврупоӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад.
Томас Йордан дар мавриди ҳамкории техникӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо омодагии хешро баён намуда,  иброз дошт, ки Бонки миллии Швейтсария омодааст дар давоми соли равон ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон семинар ва дигар курсҳои омӯзиширо барои бахшҳои муҳим, аз қабили сиёсати пулию қарзӣ, ҳисобдорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки низоми бонкии кишвар ташкил ва баргузор намояд.
Дар анҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан барои ҳамкории судманд дар самти бонкдорӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати идома ва густариши муносибатҳои мутақобила баён дошт.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.04.2023 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив