ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ МОДАРОН РАФТ

ХАТЛОН. РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ МОДАРОН РАФТ

13 март 2025, Панҷшанбе
7
0


Ба муносибати Рӯзи Модар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати якчанд нафар собиқадорони меҳнат рафта, заҳмати бисёрсолаи онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногун, тарбияи фарзандони нек ва саҳми арзандаашон дар рушду ободии кишвар қадр намуданд.
Нахуст, раиси вилоят дар шаҳри Бохтар омӯзгори собиқадор Латофат Сироҷоваро аёдат карданд. Ӯ аз шахсиятҳои шинохтаи соҳаи маориф буда, 62 сол мешавад, ки дар тарбияи насли наврас ва такмили донишу малакаи омӯзгорон саҳми назаррас гузоштааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон ва аҳли зиёи мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки минбаъд низ ба қадршиносӣ ва дастгирии чунин шахсони хизматнишондода диққати махсус дода хоҳад шуд.
Дар идома раиси вилоят сокини 104-солаи шаҳри Бохтар Ӯғлой Саидуллоеваро аёдат намуд. Гуфта шуд, ки ӯ умри худро ба заҳмати софдилона бахшида, барои ободии шаҳри Бохтар ва рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми босазо гузоштааст. Ӯғлой Саидуллоева дар азхудкунии водии Вахш ва бунёди канали зарбдори Вахш иштирок кардааст.
Давлаталӣ Саид, ҳамчунин, ба дидорбинии сокини 121-солаи ноҳияи Ховалинг Басимо Тураева рафт. Тибқи маълумоти расмӣ, ин модар калонсолтарин сокини Тоҷикистон буда, соҳиби 7 фарзанд, 47 набера, 138 абера ва 25 чабера мебошад.
Ҳоло дар вилояти Хатлон 92 модари нафақагири аз 100-сола боло зиндагӣ мекунад ва дар арафаи иду ҷашнҳо бо туҳфаҳо қадр мегарданд.


ДАНҒАРА. ШИНОСОИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
10-уми март раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос шуд.
Раиси вилоят, нахуст, аз раванди корҳои бартарафсозии оқибати селу боришот дар ҳавзи деҳаи Корези деҳоти Корез дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар пайи боришоти зиёд ҳавз зарар дида, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва сокинон айни ҳол корҳои бартарафсозии офати табиӣ ва корҳои барқарорсозӣ идома дорад.
Сипас, раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таълимӣ дар деҳаҳои Корез, Рахшонзамин ва маҳаллаи 16-ум деҳоти Корез шинос гардид. 
Зимни суҳбат бо масъулон таъкид шуд, ки аз маҳсулоти хушсифати сохтмонӣ истифода намуда, тибқи нақша, дар муҳлати муқарраргардида иншоот ба истифода дода шавад.
Роҳбари вилоят дар идома аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии чорошёна, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, боздид намуд. Тибқи иттилоъ, муассисаи таълимӣ барои 1320 хонанда пешбинӣ мегардад.
Инчунин, раиси вилоят аз ёдгории таърихии Золи Зари ноҳия дидан кард. Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зар аз соли 2021 идома дорад. Дар натиҷаи ҳафриёт, маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, анҷом додани корҳои бостоншиносӣ дар онҳо ба нақша гирифта шудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ёдгории Золи Зар то 7-уми июни соли 2023 идома дошт.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив