ҲАҚҚИ ҚАЛАМИ “ҶУМҲУРИЯТ” ШИРИН АСТ
Ҳамкасбон набояд инкор кунанд, ки ҳаққи қалам, маъмулан гонорар, дар қатори бисёр неъматҳои моддӣ барои кас азиз аст, чунки он бо заҳмат рӯи коғаз мерезад, заҳмати сарсарӣ не, заҳмати сангин.
Ҳаққи қалам барои ман, ки 56 соли умрамро сарфи рӯзноманигорӣ кардаам, хеле ширин аст, хосса ҳаққи қаламе, ки аз рӯзномаи дӯстдоштатаринам “Ҷумҳурият” насиб мегардад. Шояд, аз он сабаб бошад, ки алоқамандию ҳамкориам бо ин нашрия хеле барвақт, аз соли 1972 ибтидо гирифтааст. “Ҷумҳурият”-и имрӯза он замон “Тоҷикистони советӣ” ном дошту чун имрӯз аз нашрияҳои бонуфузи кишвар маҳсуб мешуд.
Мавриди зикр медонам, ки бо пешниҳоди матолиби таҳти рубрикаи “Проблема ва мулоҳиза” дар “Тоҷикистони советӣ” ба нашр расондаам соли 1996 сазовори унвони Журналисти шоистаи Тоҷикистон (баъдтар ба Корманди шоистаи Тоҷикистон табдил ёфт) гардидам.
Ҳамкории ман бо “Ҷумҳурият” ба собиқаи 52-сола расид. Аз ҳамкории имрӯзаам бо “Ҷумҳурият” сари ифтихор дорам. Навиштаҳоямро ҷиддӣ аз назари таҳрир мегузаронам, то ба талаби “Ҷумҳурият” мутобиқ гарданд. Медонам, ки ин рӯзнома “Ҳар чи пеш ояд, хуш ояд”-ро намеписандад.
Ҷӯрабек МУЪМИН, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56