55 СОЛИ ҲАМКОРӢ БО РӮЗНОМАИ №1
Хушҳол аз онам, ки аз соли 1970 то ҳол бо рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки дар тули сад соли ҳастиаш чандин бор тағйири ном кардааст, ҳамкории доимӣ дорам. «Ҷумҳурият” яке аз маҳбубтарин нашрия ва рӯзномаи рақами 1-и кишвар аст.
Ин рӯзномаи бонуфуз барои ҳар хонандаи содиқаш ҳам нон медиҳад ва ҳам ном. Аз ин рӯ, ман «Ҷумҳурият»-ро хеле дӯст медорам, ҳама вақт ва ҳозир ҳам он даргоҳест бароям муқаддас. Меҳри ин рӯзнома дар дилам якҷоя бо ман сол ба сол бузург шудааст ва дигар имкони аз дил бурун кардани он мавҷуд нест. Ба ин хотир, бештар ба ин рӯзнома ҳамкорӣ дошта, мавод менависам. Дарди мардумро ба воситаи он ба хонанда мерасонам. Мехоҳам, тавассути маводҳоям он камбудиҳое, ки дар ҷомеа аст, ислоҳ шаванд.
Саҳифаҳои рӯзномаро ҳамчун коргари он мехонам, то дарёбам, ки ба кадом мавзуъҳо рӯзноманигорони нашрия бештар таваҷҷуҳ доранд ва чи хел менависанд. Пас аз мутолиа, муносибат ба кору навиштаҳо дарёфтам, ки “Ҷумҳурият” мактаб будааст, мактаби бузург. Дар ин мактаб мо – насли нисбатан калонсол, аз пешиниён сабақи бисёр гирифтем.
Аз фурсат истифода бурда, гуфтаниам: садсолагӣ муборак, рӯзномаи дӯстдоштаам!
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56